Мубориза бо таҳдидҳои фаромарзӣ ниёзи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аст

Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфт, айни замон ҳамаи кишварҳо ниёзи муштараке барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳои фаромарзӣ доранд, ки бояд дар авлавияти барномаҳо қарор гирад.

Ба гузориш ТоҷикПресс, Марат Имонкулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон дар 11-умин нишасти байналмилалии намояндагони олии масоили амниятӣ, ки ба мизбонии Русия ва дафтари Шӯрои амнияти Русия баргузор шуд иштирок ва матолиберо дар заминаи мавзӯъҳои амниятии митақа матраҳ кард.

Дар ин нишаст дар бораи вазъияти байналмилаӣ, фурсатҳо ва таҳдидҳои нав мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиён дар бораи ҷилавгирӣ аз даргирӣ байни давлатҳо дар фазои маҷозӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо қочоқи маводи мухаддир табодули назар карданд.

Имонкулов дар суханронии худ гуфт: имрӯза кишварҳо ниёзи муштараке барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳои фаромарзӣ доранд. Ҳамаи давлатҳо талош мекунанд то аз мудохила дар умури дохилии худ ҷилавгирӣ кунанд намехоҳанд дар шароити аз ҳам пошидагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳаргӯна фурӯпошии дигаре қарор гиранд ва ҳамчунин ҳадафашон тазмини амнияти марзҳои миллии мавҷӯд аст.

Вай гуфт: барои дастёбии воқеӣ ба ин амр, тақвияти бештари эътимоди мутақобил, тавсеаву беҳбуди механизмҳои тазмини амнияти ҷамъӣ ва ғайриқобили тақсим бар асоси дастовардҳое, ки қаблан ба даст омада зарурӣ аст. Муҳим аст, ки на танҳо хатаротро дар назар бигиред, балки онҳоро ба унвони фурсатҳои ҷадиде барои ба даст гирифтани ибтикори амал ва кумак ба тавсеаи вазъият ба нафъи худ дар назар бигиред.

Дар ҳошияи ин рӯйдод, нишастҳои кории масоили амниятӣ дар қолаби Созмони Ҳамкории Шанхай ва Давлатҳои Мустақили Муштаракулманофеъ баргузор шуд.

Ҳудуди 100 ҳайат аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин нишаст иштирок варзиданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад