Тавофуқи Боку ва Ереван дар заминаи тамомияти арзӣ

Пас аз пешниҳоди нахуствазири Арманистон ба ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ба расмият шинохтани тамомияти арзии ду кишвар, сарони Боку ва Ереван дар нишасти ахири сеҷониба дар Маскав дар ин замина ба тавофуқ расиданд.

ар ҳамин иртибот, манобеи хабарии ҷумҳурии Озарбойҷон гузориш доданд: “Дар нишасти сеҷонибаи сарони Русия, Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Маскав, Ереван ва Боку барои ба расмият шинохтани тамомияти арзии якдигар тавофуқ кардаанд”.

Дар ин нишаст, ки ба мизбонии Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва бо ҳузури Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар Маскав баргузор шуд, тарафайн аз пешрафти музокирот барои дастёбӣ ба сулҳ хабар доданд.

Бо тавваҷуҳ ба таҳдидҳои ду соли гузаштаи мақомҳои давлати Илҳом Алиев алайҳи тамомияти арзии Арманистон бояд гуфт: Тавофуқи Маскав муҳимтарин тавофуқи ду тараф пас аз имзои тавофуқномаи даҳмоддаии сеҷониба миёни сарони Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар нимашаби ноябри соли 2020 мелодӣ маҳсуб мешавад.

Пас аз имзои тавофуқномаи даҳмоддаии Маскав, мақомҳои давлати Илҳом Алиев аз тарафи арманӣ дархостҳое мабнӣ бар муовизаи арозӣ матраҳ кардаанд.

Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон аз мақомҳои Арманистон хост бо вогузории устони ҷанубии Сионики Арманистон ба ҷумҳурии Озарбойҷон, ба мушкилоти ду кишвар поён диҳанд.

Мақомҳои давлати Ереван дар нахустин вокуниш эълом карданд, пеш аз дархости Илҳом Алиев, мақомҳои давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон чунин пешниҳоде матраҳ кардаанд. Мақомҳои Арманистон муттафиқалқавл бо ин пешниҳоду тарҳи муовизаи арозӣ мухолифат кардаанд. Зеро ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия қасд доранд бо дар ихтиёр гирифтани марзҳои муштараки Эрону Арманистон ва масдудсозии он, илова бар эъмоли маҳдудият барои тараддуди ҳамлу нақли Эрон ба Арманистон, Гурҷистон, Русия ва Аврупо, ибтикори амалро дар ин масир дар инҳисори худ дошта бошанд.

Дар айни ҳол, мақомҳои Боку бо дар ихтиёр гирифтани марзҳои Арманистон бо Эрон қасд доранд мардуми ин кишвари ҳавзаи Қафқози Ҷанубиро аз миллиадҳо доллар даромади солонаи модомулумри ҳамлу нақлу транзит маҳрум созанд.

Ба ин тартиб, Боку ва Анкара хоҳанд тавонист зимни дар ихтиёр гирифтани бахше аз каридори байналмилалии Шимол – Ҷануб, масирҳои мавриди назари худ, аз ҷумла масири шарқӣ – ғарбиро, ки мавриди назари Амрико ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ аст, ба кишварҳои минтақа таҳмил кунанд.

Дар ин замина бидуни шак, илова бар Эрон, Русия низ аз чархаи каридори Шимол – Ҷануб хориҷ хоҳад шуд. Пеш аз ин, давлатҳои ғарбӣ тарҳҳои сиёсии интиқоли нафти ҷумҳурии Озарбойҷонро ба мақомҳои Боку таҳмил кардаанд. Дар натиҷа ибтикори амали содироти нафти ҷумҳурии Озарбойҷон ба Гурҷистону Туркия вогузор шудааст.

Дар ҳамин иртибот, мақомҳои Маскав низ ахиран ба тарҳҳои мавриди назари Ғарб, ки аз забони бархе аз мақомҳои кишварҳои минтақа матраҳ мешавад, вокунишҳои манфӣ нишон додаанд. Ба унвони мисол, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия рӯзи панҷшанбеи гузашта, зимни интиқод аз сиёсатҳои Амрико ва муттаҳидонаш дар заминаи ҳаллу фасли муноқишаи Қарабоғ тасреҳ кардааст: «Ғарб дар талош аст дар муноқишаи Қарабоғ дахолат кунаду сиёсати ҳифзи сулҳи Русияро беэътибор кунад».

Ҷудо аз нақши давлатҳои ғарбӣ ба манзури ноамнсозӣ ва эҷоди ошӯб дар минтақа, бо кумаки кишварҳои бархӯрдор аз сиёсатҳои ғарбгароёна, бояд гуфт: Мавзуи дар ихтиёр доштани ибтикори амал дар долони байналмилалӣ ва стратегии Шимол – Ҷануб, мавзуи муҳиме аст, ки камтар ба он тавваҷуҳ шудааст.

Эрон ба унвони тарроҳи аслии долони байналмилалии Шимол – Ҷануб ва Русия ба унвони яке аз мувофиқони аслии иҷрои ин долон ба кумаки Ҳинд ва даҳҳо кишвар дар тӯли масири ин долони стратегӣ, дар қораи паҳновари Осиё ва бахшҳои муҳиме аз Аврупо, кишварҳои ин долони байналмилалиро аз ҳар гуна кумаку дахолатҳои Амрико ва муттаҳидонаш бениёз месозад.

Ҳамин мавзуъ муҷиб шудааст, ки давлатҳои ғарбӣ ба манзури тахриби каридори байналмилалии Шимол – Ҷануб даст ба кор шаванд. Дар ин шароит бисёре аз коршиносон бар ин боваранд, ки мухолифати мақомҳои давлати Ереван бо дархости муовизаи арозии раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ва ё вогузории устони Сионик ба ҷумҳурии Озарбойҷон аз аҳамияти музоафе бархӯрдор аст. Зеро дар гоми нахуст тарафҳои бегонаро ба пазириши шикаст водор кардааст.

Дар ин иртибот, бидуни шак исрори Никол Пашинян дар хусуси пазириши 29800 километри мураббаии сарзаминҳои Арманистон бедалел набудааст.

Аз ин пас, руасои ҷумҳурии Озарбойҷону Туркия сирфан метавонанд тарҳи муовизаи арозиро бо Арманистон матраҳ кунанд, ки баид аст ба натиҷа бирасад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад