Имзои созишномаи молиявӣ байни Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо

Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи механизмҳои ҳамкориҳои молӣ созишнома имзо карданд.

Дар чаҳорчӯби дуюмин Анҷумани иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Алмаато созишнома дар бораи механизмҳои ҳамкориҳои молии Иттиҳодияи зикршуда ва Қазоқистон ба имзо расид.

Алихон Исмоилов, нахуствазири Қазоқистон гуфт: Бо ин иқдом иҷрои қарордодҳои ҳамкорӣ тақвият ёфт.

Исмоилов гуфт: Иттиҳодияи Аврупо барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва волоияти қонун дар Қазоқистон 9 миллион евро ҷудо мекунад. Мо ба Валдакис Домброскис, муовини иҷроияи Комиссияи Аврупо барои муҳокимаи созанда ташаккур мегӯем.

Бояд гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо шарики асосии тиҷоративу сармоягузории Қазоқистон аст. Зиёда аз 30 дарсади тиҷорати хориҷӣ ва сармоягузории хориҷии Қазоқистон ба Иттиҳодияи Аврупо рост меояд.

То охири соли 2022 гардиши мол миёни Қазоқистон ва Иттиҳодияи Аврупо ба 39,9 миллиард доллар расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 38% бештар аст, ки аз он 32,3 миллиард доллар содирот ва 7,6 миллиард доллар воридот иборат аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад