Тоқаев: вазъияти феълии Афғонистон таҳдиде барои кишварҳои минтақа аст

Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт: “яке аз таҳдидҳои амниятӣ барои кишварҳои минтақа вазъияти кунунии Афғонистон аст.”

Қосим Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон гуфт: “яке аз таҳдидҳои амниятӣ барои кишварҳои минтақа вазъияти кунунии Афғонистон аст.”

Қосим Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар нишасти “Осиёи Марказӣ ва Чин” дар шаҳри “Шиён” ба мавзӯъи Афғонистон ишора кард. Вай гуфт: “яке аз таҳдидҳои амниятӣ барои кишварҳои минтақа вазъияти кунунии Афғонистон аст.”

Ба гуфтаи вай, идомаи ҳимоят аз талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз буҳрони инсонӣ дар ин кишвар дорои аҳамият аст.”

Тоқаев афзуд: “ҳамин як моҳи пеш, “азоқистон маҳсулоти ғизоиро дар қолаби як бастаи кумакии дигар ба Афғонистон ирсол кард.”

Раисҷумҳури Қазоқистон дар поён тасреҳ кард, ки афзоиши кумакҳои чандҷониба ба мардуми Афғонистон таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид зарурӣ аст.”

Тоқаев гуфт: “дар ин замина, ибтикори эҷоди маркази минтақаии Созмони Милали Муттаҳид барои аҳдофи тавсеаи пойдор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Алмаато лозим аст.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад