Беҳтар шудани муносибати русҳо ба муҳоҷирон

Чунин муносибати хушу мусбат вақтҳои охир ҳамчунин, нисбат ба ақаллиятҳои миллй, ки дар мамлакат зиндагӣ мекунанд, мушоҳида карда мешавад.

Чунин муносибати хушу мусбат вақтҳои охир ҳамчунин, нисбат ба ақаллиятҳои миллй, ки дар мамлакат зиндагӣ мекунанд, мушоҳида карда мешавад.

Ба гузориши манбаъ:

Русҳо бо табъиз камтар рӯбарӯ шудаанд ва бо муҳоҷирони корӣ, ки барои фаъолият меоянд, беҳтар муносибат кардаанд.

Дар ин бора, Игор Баринов, раиси Оҷонсии федеролии умури этникӣ, дар ҷаласаи кумитаи Думаи давлатӣ сухан гуфт.

Вай маълумоти дахлдорро аз таҳқиқоти нав овард. Муносибат ба муҳоҷирон низ ба самти мусбат тағйир ёфтааст.

Шаҳрвандоне, ки нисбат ба хориҷиён эҳсоси манфӣ надоранд, дар соли 2022 – 80,9%-ро ташкил дод, дар ҳоле, ки як сол қабл ин нишондод дар сатҳи 74,6% буд.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 сатҳи назари мусбати умумирусиягӣ нисбат ба соли 2021 – 0,8% афзуда, 94,2%-ро ташкил дод.

Ин ҳадди аксар аз оғози омӯзиши чунин нишондиҳанда аст.

Баринов ҳамчунин қайд мекунад, ки дар кишвар теъдоди шаҳрвандоне зиёд шудааст, ки нисбати худ бар асоси миллат, забон ва мазҳаб табъиз эҳсос накардаанд.

Агар, дар соли 2021 ин нишондиҳанда 67,3% бошанд, пас дар соли 2022 аллакай 78,4%-ро ташкил додааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ҷамъиятшиносони рус дар як пажӯҳиши худ таъкид кардаанд, ки афзоиши аҳолии Русия бидуни муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин кардан ғайриимкон аст.

Мактаби олии иқтисодии Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ ҳисоб кард, ки Русия ба чӣ қадар муҳоҷири меҳнатӣ ниёз дорад.

Дар ин бора кори илмӣ ва тадқиқоти Институти демографияи ба номи А.Г. Вишневский дар маҷалаи “новая экономическая ассоциация” бахшида шудааст.

Коршиносон ба хулосае омадаанд, ки барои нигоҳ доштани аҳолӣ дар кишвар бояд солона аз 390 ҳазор то 1,1 миллион муҳоҷир ҷалб карда шавад.

Онҳо ҳамчунин зикр карданд, ки вобаста ба нақшаҳои гуногуни таваллуд ва марг афзоиши солонаи муҳоҷирон аз соли 2021 то 2023 бояд ба 460-1200 ҳазор нафар мувофиқат кунад.

Олимон қайд карданд:

“Ин назар ба нақшаҳои воқеии муҳоҷират 2-6 маротиба ва ҳатто аз нақшаҳои баланд 1,5-4,5 маротиба зиёдтар аст”.

Муҳаққиқон таъкид карданд, ки бидуни муҳоҷирон афзоиши аҳолӣ дар Русияро таъмин кардан ғайриимкон аст.

Ҳамин тавр, зарурати ба ҷараёни муътадили муҳоҷирон то соли 2036 идома хоҳад ёфт. Дар ҳамин ҳол, коҳиши аҳолӣ то соли 2026 идома хоҳад ёфт.

Дар аввали соли 2023 шумораи аҳолӣ дар Русия 146,45 миллион нафарро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли гузашта 0,5 миллион нафар камтар аст.

Қаблан ҷомеъашиносон коҳиши нерӯи корӣ дар Русияро арзёбӣ карда буданд.

Тибқи пешгӯиҳои онҳо, то охири соли 2030 Русия 1,9 миллион нафарашро аз даст медиҳад.

Аз хама бештар кам шудани вазни киёсии аҳолии қобили меҳнат дар 4 минтақа: Маскав, Санкт-Петербург, вилоятхои Маскав ва Ленинград пешбинӣ шудааст.

Ин ба афзоиши шумори аҳолии онҳо аз ҳисоби муҳоҷирони ҷавон марбут аст, аммо дар даҳсолаи ҷорӣ онҳо ба гурӯҳҳои синну соли калонтар мегузаранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад