Душанбе мизбони ҳаждаҳумин ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шангхай

Ҳаждаҳумин ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шангхай ҳафта оянда ба раёсати Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Рӯзҳои 22 – 23 -моҳи май дар шаҳри Душанбе ва ба раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаждаҳумин ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шангхай, баргузор мешавад.

Ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шангхай як механизми мушовираии умумӣ – коршиносеиичандҷониба аст, ки барои кумак ва пуштибонии илми – таҳлили фаъолияти “Шангхай”, тавсеаи ҳамкорӣ байни марокизи илмӣ ва мутолиоти кишварҳои узв, анҷоми мутолиоти муштараки мавзӯъоти муҳим дар арсаи ин созмон, густариши табодули назар байни донишмандон ва коршиносон дар заминаҳои сиёсат, амният, иқтисод, ҷомеашиносӣ, муҳити зист ва фановариҳои на пешбинӣ шудааст.

Ин ҳамоиш дар соли2006 эҷод шуда ва шомили як маркази мутолиотии муҳим аз ҳар кишвари узв аст. Раёсати ин ҳамоиш ҳар сол бар ӯҳдаи маркази миллии таҳлилии яке аз кишварҳои узви гузошта мешавад. Маркази тадқиқоти стратегӣ вобаста ба раёсатҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамоишро намояндагӣ мекунад.

Аз замони таъсис токунун 17 ҷаласа ба раёсати кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шангхай баргузор шуда ва ҳаждаҳумини он дар моҳи равон ба раёсати Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Гуфтанӣ аст, ки Тоҷикистон токунун 2 бор – солҳои 2010 ва 2016 раёсат ин ҳамоишро бар ӯҳда дошта ва баргузор намудааст.

Раёсати ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шангхай дар соли гузашта аз Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскави Вазорати умури хориҷаи Русия ба Тоҷикистон вогузар шуд ва имсол севумин давраи раёсати Тоҷикистон дар ҳамоиши мазкур аст.

Дар ин ҳамоиш раҳбарон ва коршиносони барҷастаи марокизи таҳлилӣ ва муассисаҳои илмӣ ва таҳлилии кишварҳои узв, нозирон ва шарикони гуфтугӯи Шангхай, дабирон ва намояндагони сохтори минтақаӣ зидди террористии ин созмон ва коршиносони маҳаллӣ ширкат мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад