Омори аз китобхонаҳо ва китобҳои мавҷуд дар Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамасола бо адабиёти тозанашри ватанӣ таъмин карда мешаванд. 

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамасола бо адабиёти тозанашри ватанӣ таъмин карда мешаванд.

Ба гузориши манбаъ:

Тибқи омор, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 71 китобхонаҳои марказӣ ва 1290 филиал китобхонаҳо бо фонди зиёда аз 16 млн, нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ, қариб чор ҳазор китобхонаи мактабӣ, 76 китобхонаи бачагона ва теъдоди зиёди китобхонаҳои шахсӣ ва иттифоқҳои касаба фаъолият доранд.

Дар ин боар вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ низоми густурдаи китобхонаҳо: Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, китобхонаҳои низоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, фаъолият доранд.

Ҳамчунин дар қаламрави Тоҷикистон китобхонаҳои пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, инчунин китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, муассисаву ташкилот ва китобхонаҳои хусусӣ низ фаъолият доранд.

Зикр гардидааст, ки имрӯз дар китобхонаҳои кишвар, ки муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ мебошанд, захираи васеи иттилооти ҳуҷҷатӣ ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва дастраси оммаи васеи мардум гардонида мешавад.

Баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба фаъолияти китобдорӣ беш аз пеш афзун гардид.

Зикр гардидааст, ки соҳаи китобдорӣ вобаста ба таҳаввулоту талаботи замон, тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа пайваста мақсаду муҳтаво, мазмуну мундариҷаи фаъолияти хешро ба раванди пешрафти ҳаёти ҷомеа мутобиқ месозад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Оини ифтитоҳи ғурфаи Тоҷикистон, меҳмони вижаи 34-умин давраи намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон бо ҳузури Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳанг ва иршод исломии ҶИЭ, Низомуддин Зоҳидӣ, сафири Душанбе дар Теҳрон ва ҳамчунин Ёсир Аҳмадванд, раиси 34-умин намоишгоҳи китоби Теҳрон ва Алии рамазонӣ, ҷонишини ин давра аз намоишгоҳ дар бахши байналмилал баргузор шуд.

Зулфия Давлатзода дар ҷамъи хабарнигорони ҳозир дар оини ифтитоҳия бо баёни инки баргузории чунин намоишгоҳе барои рушди фарҳангии инсонҳо бисёр таъсиргузор аст, гуфт: “имрӯза муносиботи фарҳангии бисёр хубе байни Эрон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад ва мутмаин ҳастем, ки ин муносибот бештар низ хоҳад шуд.”

Вай бо ишора ба баргузории ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон ва ҳафтаи фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон гуфт: “ҳузур ноширони тоҷик дар 33-умин давраи намоишгоҳи китоби Теҳрон нишон аз аҳамияти намоишгоҳи китоби Теҳрон дорад ва имрӯз ҳам бисёр хурсанд ҳастем, ки ба унвони меҳмон дар ин давра аз намоишгоҳ ҳузур дорем.”

Вазири фарҳанги кишварамон бо баёни инки баргузории намоишгоҳи китоб фақат барои намоиш додани китобҳо нест, гуфт: “ингуна намоишгоҳҳо сабаби густариши дӯстӣ байни кишварҳо низ хоҳад шуд.”

Давлатзода бо ишора ба табодулоти фаровони ҳавзаи адабии Эрон ва Тоҷикистон гуфт: “барномаҳои адабии бисёр хубе дар ғурфаи Тоҷикистон имрӯз баргузор хоҳад шуд ва фурсати муносибе аст, ки шоирон ва нависандагони эронӣ ва тоҷикистонӣ бо ҳам табодул ва таомули бештаре дошта бошанд.”

Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ ҳам дар ҳошияи ифтитоҳи расмии ғурфаи Тоҷикистон дар ҷамъ хабарнигорон бо ишора ба инки дар ин давра, Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа ҳузур дорад, гуфт: “як соли гузашта дар бештари намоишгоҳҳои кишварҳои минтақа ширкат кардем ва талош дорем, ки таомулоти худро густариш диҳем.” Вай илова кард: “Умедворем солҳои оянда шоҳиди ҳузури ноширони бештаре аз кишварҳои хориҷӣ дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон бошем.”

Вазир фарҳанги Эрон илова кард: “акнун китобҳои бисёре аз шоирони тоҷик дар Эрон ва низ нависандагони шоирони эронӣ дар Тоҷикистон чоп шудааст. Умедворем ба воситаи фарҳангу забони муштарак ва иртиботҳои амиқи ду кишвар, ин намоишгоҳ заминасози тақвияти бештари ин таомулот шавад.”

Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон низ аз инки ба унвони меҳмони вижа даъват шудаанд, ибрози хурсандӣ кард ва гуфт: “намоишгоҳи китоби Теҳрон яке аз бузургтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ барои минтақа аст. Баргузории ин маросимҳо бисёр муҳим аст, зеро китоб ва иқдомоте, ки дар он ҳавза анҷом мешавад, ин рӯзҳо аз аҳамияти фаровоне бархурдор аст.”

Низомуддин Зоҳид бо баён инки дар тӯли 32 соли истиқлолият, таомул байни Эрон ва Тоҷикистон аз аҳамияти вижае бархурдор буд, идома дод: “ҳатто замоне, ки бархе равобит ранг бохт, равобити фарҳангӣ ҳамеша муҳим буд. Ҳатто бисёре аз осори Тоҷикистон дар Эрон мунташир шуд. Хиёбони равобити ду кишвар ду тарафа аст ва яктарафа нест.”

Ба гуфтаи сафир, дар Тоҷикистон аз осори Саъиди Нафисӣ, Шафеъи Кадканӣ ва Абдулҳусайни Зарринкӯб ба унвони китобҳои дарсӣ истифода мешавад.

Дар идома барномаи маросими ифтитоҳия, вазирони фарҳанги Тоҷикистону Эрон аз салони ноширони хориҷӣ, боздид ва бо ҳузур дар ғурфаи Туркия аз охирин фаъолиятҳои ҳавзаи нашр ин кишвар боздид намуданд ва ҳамчунин нусхаи Маснавӣ маънавӣ тибқи нусхаи қадимии мавҷуд дар Мӯзаи мавлоноро варақ зада мушоҳида намуданд. Ин нусха ба вазири фарҳанги Эрон ҳадя дода шуд ва вай ин нусхаро ба вазири фарҳанги кишварамон тақдим кард.

Вазирон сипас ба ғурфаи Уммон рафта ва аз осори арзашуда дар ин ғурфа ҳам боздид карданд.

Тибқи эълони масъулони фарҳангии Тоҷикистон, дар ин рӯз, чаҳор барнома дар мавзӯъоти мухталиф иҷро мешавад, ки чашмандози Эрон ва Тоҷикистон, нигоҳе ба адабиёти муосири Тоҷикистон дар даврони истиқлол, рӯнамоӣ аз китоби “донишномаи забони тоҷикӣ” ва шаби шеъри Эрон ва Тоҷикистон аз ҷумлаи ин барномаҳо аст.

Боздид аз ғурфаи “грант” мақсади баъдии вазирони фарҳанги Тоҷикистону Эрон буд; дар ин ғурфа зарфият ва фаъолиятҳои тарҳи ҳимоят аз тарҷума ва интишори китоби эронӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ (грант) ба вазири фарҳанги Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Боздид аз ғурфаи Вазароти фарҳанги Қатар ва Ҳинд дар идомаи ин масир анҷом шуд. Вазирони фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон дар идома аз ғурфаҳои Русия, Венесуэла ва муассисаи фарҳангии ЭКО боздид карданд.

Мизбонӣ аз меҳмони вижа дар қолаби намоишгоҳи китоби Теҳрон аз бистуҳфтмин давраи намоишгоҳ оғоз шуд.

кишварҳои меҳмони вижаи намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ба шарҳи зер аст;

Давраи бистуҳфтум: Афғонистон

Давраи бист‎уҳаштум: Уммон

Давраи бистунуҳум: Русия

Давраи сиюм: Италия

Давраи 31-ум: Сербистон

Давраи 32-юм: Чин

Давраи 33-юм: Қатар

34-умин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон бо шиори “оянда хонданӣ аст” то 20-уми май дар мусаллои Имом Хумайнии шаҳри Теҳрон, пойтахти ҶИЭ ва ҳамзамон ба шакли маҷозӣ дар ketab.ir идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад