Ҳукми додгоҳи олии Покистон бар озодии Имрон Хон

Додгоҳи олии Покистон амр дод, ки сарвазири собиқ Имрон Хонро зуд озод кунанд.

Додгоҳи олии Покистон амр дод, ки сарвазири собиқ Имрон Хонро зуд озод кунанд.

Вай рӯзи 9-уми май ба гумони фасоди идорӣ ва фурӯхтани туҳфаҳои давлатӣ дастгир шуд.

Се додраси Додгоҳи олии Покистон рӯзи 11-уми май боздошти Имрон Хонро ғайриқонунӣ номиданд.

Ҳамзамон аз нахуствазири собиқ хостанд, барои таҳқиқи парвандааш бо муфаттишони Оҷонси зиддифасод ҳамкорӣ кунад.

Боздошти сарвазири собиқи Покистон хашми тарафдоронашро барангехт. Эътирози олуда бо хушунат саросари Покистонро фаро гирифт ва чанд нафар куштаву захмӣ шуд.

Полиси Покистон рӯзи 11-уми май псадҳо тарафдори Имрон Хонро боздошт намуд.

Дар минтақаҳое, ки тарафдорони ӯ ба вайрон кардани биноҳову моликияти давлативу хусусӣ роҳ дода буданд, аз ҷумла вилояти Панҷобу шаҳри Исломобод, артиш ҷойгир шуд.

Мунир Бангаш, ҷонибдори Имрон Хон, мегӯяд, “дари дӯконамро баста, корамаро гузошта, ба инҷо омадам. Мо метавонем ҳар бинои давлатиро муҳосира кунем ва барои ин омода ҳастем. Сад нафарро мепаронанд, 300 ё ҳазор нафарро, аҳамияте надорад.”

Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф аз эътирозгарон талаб кард, ки ба тахриби моликияти давлат хотима бахшанд. Ӯ ваъда дод, ки ҳукумат ба эътирозҳои хушунатбори рӯзҳои охир бо мушти оҳанин ҷавоб хоҳад дод.

Имрон Хони 70-сола моҳи ноябри соли гузашта, ки ҳамроҳи ҳазорон ҷонибдораш ба сӯи Исломобод ҳаракат мекард, аз тири туфангча захмӣ шуд. Баъдан, ӯ як мақоми Хадамоти иктишофии Покистонро ба суиқасд ба ҷонаш муттаҳам кард.

Ситораи собиқи бозии крикет, ки соли 2018 ба раҳбарии Покистон расид, дар моҳи апрели соли гузашта аз мақом барканор шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ҳизби Таҳрики- Инсофи Покистон пеш аз ин эълом кард, “Имронхон” дар дохили додгоҳи Исломобод боздошт шудааст. Пештар низ пешбинӣ мешуд, ҳадафи умда аз кашондани Имронхон ба додгоҳ талош барои боздошти вай будааст. Ҳизби Таҳрики- Инсоф боздошти Имронхонро дар ҷиҳати бадном кардани “Хон” ва хориҷ кардани ӯ аз гуди интихоботи қаламдод мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки Имронхон ва Таҳрики- Инсофи ингӯна иқдомотро муҷиби қавоми бештар мавқеияти ҳизб дар назди афкори умумии Покистон медонанд.

“Аҳмади Мансурхон” таҳлилгари сиёсӣ дар ин бора мегӯяд:

Покистон дар шароите нест, ки вориди даври тозае аз бӯҳрони сиёсӣ шавад бо ин ҳол ба назар мерасад авлавияти ду ҳизби муҳими Покистон яъне Мусалами Лигнавоз ва мардум аз саҳна хориҷ кардани муҳимтарин рақиби интихоботиашоро яъне ҳизби Таҳрики- Инсоф аст дар ин масир ба паёмадҳои он ҳам таваҷҷӯҳ надоранд. Паёмадҳое, ки агар аз кантрол хориҷ шавад мумкин аст шароити амниятии Покистонро мухотира биандозад.

Ин бадон маъно аст, ки авлавияти феълии Покистон сулҳ ва амният дар баробари гурӯҳҳои террористӣ ба хусус таҳрики Толибон аст, ки дар моҳҳои ахир ё хурӯҷ аз оташбас бо артиши Покистон ҳамалоти террористии худро шиддат бахшидааст. Дар воқеъ чолишҳои фароравии давлати Покистон масоиле ҳастанд, ки аз тариқи тақвияти вафоқ ва ваҳдати миллии қобили ҳал аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад