Нархи “Ҳаҷ-2023” эълон шуд

Нархи сафари Ҳаҷ барои имсол аз тарафи Кумитаи дин эълон шуд.

Дар хабаре, ки Кумитаи дин имрӯз 11 май нашр карда, адои ин фаризаи исломӣ барои ҳар зоир 59 ҳазор сомонӣ, ё каме бештар аз 5 ҳазору 406 доллар тамом хоҳад шуд.

Тибқи эълони кумита “Маблағи мазкур ҳамаи хароҷоти аввалияи зоирон дар мавсими ҳаҷ, аз ҷумла билети равуо, меҳмонхона дар Маккаю Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли зоирон дар масири Ҷидда — Макка — Мино — Арафот — Муздалифа — Мино — Макка — Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Маккаю Мадина, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи ҳаҷ ва рухсатномаҳоро дар бар мегирад”

Кумитаи дин ҳисоб кардааст, ки зоирони имсола 1520 сомонӣ камтар аз зоирони соли гузашта масраф хоҳанд кард. Масъулини Кумитаи дин соли гузашта мегуфтанд, ки Арабистони Саудӣ бинобар маҳдудиятҳои COVID-19 нархи хидматрасонӣ барои зоиронро қиммат карда буд.

Парвози ҳоҷиёни ояндаи тоҷик аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба шаҳрҳои Арабистони Саудӣ қарор аст аз 10 то 20 июн анҷом шавад.

Квотае, ки имсол Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷудо карда, 7 ҳазор адад гуфта шудааст. Солҳои гузашта нархи сафари ҳаҷи акбар аз Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя гаронтар буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад