Фармондеҳи собиқи НАТО: Ғарб аз пирӯзии Украина метарсад

Як фармондеҳи собиқи эътилофи НАТО мегӯяд таҳдидҳои раиси ҷумҳури Русия боиси тарси Ғарб аз пирӯзӣ дар ҷанги Украина шудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Филип Бридлав”, генерали чаҳорситораи бознишастаи амрикоӣ, ки аз соли 2013 то 2016 «фармондеҳи олии муттафиқини Аврупо дар НАТО» буд гуфта, ки Ғарб ба далели таҳдидҳои «Владимир Путин», раиси ҷумҳури Русия аз пирӯзии Украина дар ҷанг метарсад.

Филип Бридлав дар мусоҳибае бо пойгоҳи “Scrip News”, рӯзи сешанбе гуфт: «артиши Путин дар майдони набард ӯро сарафканда карда, аммо ҷанги лафзии ӯ, ҷанги таҳдидоти ӯ-ё онтавр, ки дар истилоҳоти низомӣ мегӯем боздорандагии ӯ- ба шиддат асаргузор будааст.»

Ин мақоми собиқи НАТО изофа кард: «мо дар Ғарб аз пирӯзии Украина метарсем чун оқои Путин борҳо ва борҳо моро бо чизе, ки дар ибтидои ҷанг гуфтаем аз он метарсем метарсонад.»

Владимир Путин баъд аз оғози амалиёти низомии кишвараш дар Украина борҳо таъкид карда, ки барои ҳифзи амнияти Русия аз тамоми абзорҳое, ки дар ихтиёр дорад истифода хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин ба таври мушаххастар гуфта, ки бар мабнои докторини амнияти Русия чунончи тамомияти арзии Русия дар маърази хатар қарор бигирад Маскав омодаи истифода аз тамоми силоҳҳое аст, ки дар ихтиёр дорад.

Филип Бридлав гуфт: «мо аз густариши ҷанг ба даргирии ҳастаӣ метарсем ва нигаронем, ки доманаи ин ҷанг ба Аврупо бирасад. Ва ӯ тақрибан ҳар рӯз чӣ чизеро дар гӯши мо мехонад? Афроди баландпоя дар Русия тақрибан чаҳор то панҷ бор дар ҳафта мегӯяанд агар ин иттифоқ биафтад, силоҳи ҳастаӣ ба майдон меояд. Агар он иттифоқ биафтад, силоҳи ҳастаӣ меояд. Агар мо шикаст бихӯрем, силоҳи ҳастаӣ меояд.»

Ин мақоми собиқи НАТО тасреҳ кард, ки Ғарб дар чунин ҳолате Украинаро дар вазъияти душворе нигоҳ доштааст. Филип Бридлав мегӯяд: «мо ба Украина фақат ба андозае кумак мекунем, ки дар майдони ҷанг шикаст нхурад. Аммо ман бар асоси чизҳое, ки дида мешавад, аммо унвон намешавад мӯътақидам, ки мо ба Украина кумакҳое, ки боиси пирӯзиаш бишавад намедиҳем.»

Русия аз 24 феврали 2022 баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду ҷумҳурии Луганск ва Донетск аз Украина, ба ин минтақа неру эъзом кард ва аз оғози «амалиёти вежаи низомӣ дар Украина» хабар дод.

Русия ҳадафи худ аз ин амалиётро нозизудоӣ Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кумаики  Луганск ва Донетск эълом кардааст.

Давлати Украина, аммо истиқлоли Луганск ва Донетскро ба расмият нашинохта ва ҳузури низомии Русияро «таҷовуз ва ҳамла ба тамомияти арзии» худ хондааст.

Ба думболи оғози даргирии Русия бо Украина, кишварҳои ғарбӣ зимни маҳкум кардани Маскав ва ташдиди фишорҳои иқтисодӣ, ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ, молӣ, таслиҳотӣ аз Киевро дар дастури кор қарор додаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад