Сафари раиси Маҷлиси Узбекистон ба Эрон иртиқои ҳамкориҳо дар дастури кор

Раисҷумҳӯри Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ дар дидори раиси Маҷлиси қонунгузории Узбекистон дар Теҳрон, иштирокоти тамаддунӣ ва фарҳангии миёни Эрон ва Узбекистонро заминаи муносибе барои иртиқои ҳамкориҳои иқтисодӣ донист.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар дидори Нуриддинҷон Исмоилов раиси Маҷлиси қонунгузории Узбекистон афзӯд: Рушди равобити сиёсӣ ва иқтисодии Эрон ва Узбекистон дар соли гузашта вазъиятеро нисбат ба қабл мутафовит кардааст, аммо зарфиятҳои мавҷуд эҷод мекунад барои иртиқои равобит талоши музоаф дошта бошем.

Эрон ва Узбекистон дорои иштирокоти мутаъадиди фарҳангӣ ва таърихӣ ҳастанд ва ба далели манофеъи муштарак зарфиятҳои зиёде барои густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ ба вижа дар заминаи энержӣ ва ҳамлунақл доранд.

Ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев ба унвони раиси Ҷумҳурии Узбекистон дар соли 2016 давлати ин кишвар хоҳони беҳбуди равобит бо Эрон шуд ва бо таваҷҷӯҳ ба сиёсати нигоҳ ба шарқ дар авлавияти кишварҳои ҳамсоя дар дипломосии сиёсии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон равобити таърихит ду кишвар ҳаракати нав ёфта аст.

Бар ҳамин асос дар ду соли ахир ройзаниҳои дуҷониба байни мақомоти Эрон ва Узбекистон бо ҳадафи рушди муносибот ба таври мудовим идома дошта аст. Сайид Иброҳими Раисӣ ва Шавкат Мирзиёев дар ҳошияи иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар сентябри соли 2021 дар Тоҷикистон ва дар ҳошияи иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Иқтисодии ЭКО дар Ашқободи Туркманистон дар ноябри соли 2021 дидор ва бар лузуми густариши муносибатҳои ду кишвар таъкид карданд.

Токунун 18 тавофуқнома ва тафоҳумномаи ҳамкори миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Узбекистон ба имзо расидааст ва дар чаҳорумин иҷлоси комисяи муштараки ҳамкори иқтисодии ду кишвар низ, ки 20 феврали соли 2022 дар Теҳрон баргузор шуд масъулони дукишвар афзоиши равобити тиҷори ба 1 миллиард доллар то ду соли ояндаро ҳадафгузори карданд.

Бар асоси эъломи кумитаи давлатии омори Узбекистон ҳаҷми равобити тиҷории Эрон ва Узбекистон дар соли 2022 ҳудуди 435.7 миллион доллар буд, ки нисбат ба соли 2021 рушди 4.5 миллион доллариро таҷруба карда аст аз ин мизон саҳми содироти Эрон ба Узбекистон бо афзоиши 41.8 миллион доллари ва рушди 16 дарсади нисбат ба соли 2021 ба 296 миллион доллар расида аст.

Бояд дар назар дошт, ки Узбекистон аз кишварҳои маҳсур дар хушки аст ва барои расидан ба обҳои озод бояд аз ду кишвар бигузарад бинобарин ба шиддат ниёзманди масири транзитии босубот ва амн барои тиҷорат аст ин дар ҳоли аст, ки Эрон ба далели субот ва мавқеъияти хоси ҷуғрофиёӣ худ гузинаи муносибае барои мақомоти Тошканд маҳсуб мешавад таваҷҷӯҳи Узбекистон ба масири транзитии Афғонистон, Эрон, Ҳинд аз тариқи бандари Чобаҳор низ ба ҳамин далел аст.

Нуриддинҷон Исмоилов раиси Маҷлиси қонунгузории Узбекистон дар ин бора гуфтааст барои кишвараш рушди равобит ва ҳамкориҳо бо Эрон дар заминаи ҳамлунақл ва транзети аҳамияти зиёд дорад.

Ба лиҳози амниятӣ низ Узбекистон ҳамонанди Эрон бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва масоили ҳамчун мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аз дағдағаҳои он кишвар ба шумор меравад.

Бадеҳи аст равобити рӯ ба густариши Эрон ва Узбекистон дар солҳои ахир мутанавеъ шуда ва акнун равобити дукишвар иловабар муносиботи хуби сиёсӣ, бозаргонӣ, ҳамлунақл, байналмилалӣ ва минтақаӣ ба бахши ҳамкориҳои парлумонӣ, донишгоҳӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, гардишгарӣ ва варзишии дукишвар низ расида аст, ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба иродаи мақомоти Эрон ва Узбекистон метавон чашмандози равшане барои афзоиши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дукишвар мутасавир буд сафари раиси Маҷлиси қонунгузории Узбекистон ба Теҳрон ва дидор бо мақомоти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон низ дар ҳамин чорчӯб ва дар ростои дастёбӣ ба тафоҳумномаи ҷаддид ва кумак ба рафъи мавонеъи кунуни дар густариши муносиботи дукишвар қобили арзёбӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад