Ҳукумати мо аз ҳукуматҳои минтақа кам нест

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи давлати толибҳо иддао дорад, ки ҳукумати феълии Афғонистон аз ҳукуматҳои минтақа ками надорад

Муовини сухангӯи вазорати хориҷаи ҳукумати толибҳо Ҳофиз Зиё Аҳмадӣ, гуфтаҳои Амирхон Муттақӣ сарпарасти ин вазоратро дар дидори идона бо кормандон нашр кардааст.
Муттақӣ дар ин дидор иддао кардааст, ки имрӯз ҳукумати толибҳо бо ҳукуматҳои минтақа баробар аст ва амнияти Афғонистон низ агар аз амнияти ҳукуматҳои минтақа зиёд набошад, кам нест.
Муттақӣ иброз дошт: “Пули афғонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ танҳо пулест, ки дар муқобили долар рӯз ба рӯз арзиш пайдо мекунад ва нархҳои маводи аввалияи ҳам нисбат ба кишварҳои минтақа қиматаш поин аст”.
Гуфтаҳои сарпарасти вазорати хориҷаи Афғонистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бо тасаллути муҷаддади толибҳо бар Афғонистон, мардум бо буҳронҳои ҷаддии башарӣ, фақру бекорӣ рӯ ба рӯ шудаанд ва бисёре аз мардум роҳи муҳоҷиратро дар пеш гирифтаанд.

Ҳамчунин дарвозаҳои макотиб ва донишгоҳҳо ба рӯй духтарони донишомӯз ва донишҷӯ баста шуда, занон низ аз кори манъ шудаанд, ки сабаби нигаронии аксари кишварҳои ҷаҳон шудааст.

P.S: Чанд нукта қобили зикр аст. Авввал инки бар асоси гузоришҳои бархе коршиносон амният дар Афғонистон беҳтар аз давлати Ашраф Ғанӣ ва давлатҳои гузашта аст ва мардум он нигаронии террор ва инфиҷорҳои дар сатҳи калон ва пур такрорро надоранд. Дуввум дасти аҷнабӣ яъне нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон кутоҳ шуд, ки онҳо ба баҳонаи амният ва эҷоди сулҳу субот ва рифоҳи мардум ба ин ҳок ҳамла карда ва беш аз 20 сол дар Афғонистон ҳузур доштанд аммо беҳбудии барои мардуми Афғон ҳосил нашуд. Севвум ба баҳонаи озодӣ ва демукросӣ ва озодии занон дар ҳоли нобуд кардани фарҳангӣ асили мардуми Афғонистон ва дур кардани онҳо аз дин ва шариат яъне Исслом буданд.
Бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки давлати Толибон мушкилоти зиёде дорад вале ин фурсатро доранд, ки тағйири нигоҳ диҳанд ва корномаи хубе аз худ нишон дода ва ризояти умумиро ба даст биёранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад