Лавров: НАТО ба думболи нобудии Русия аст

Вазири умури хориҷаи Русия рӯзи сешанбе дар Ню-Йорк гуфт, ки паймони Атлантикаи Шимолӣ ба думболи нобудии Русия аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сергей Лавров”, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи сешанбе гуфт, ки ЮНИСЕФ дар Судон аз сафорати Русия хоста то ба кормандонаш паноҳ диҳад ва Маскав дар ҳоли баррасии ин дархост аст.

Вай ба иқдоми ахири Амрико дар адами эътои раводид ба хабарнигорони рус барои ҳузур дар нишасти шӯрои амнияти Созмони Милал ишора кард ва гуфт, ки Маскав ин рафтори нописанди Амрикоро дар назар хоҳад дошт ва агар Вашингтон чизе аз мо ниёз дошта бошад, мо инро дар назар хоҳем гирифт.

Лавров дар бораи тасмими “Ҷо Байден”, раиси ҷумҳури Амрико барои ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Амрико низ гуфт, ки Русия дар умури дохилии дигар кишварҳо мудохила намекунад.

Вай ба таҳаррукоти паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) алайҳи Русия ишора кард ва гуфт: «НАТО ба думболи нобудии Русия аст ва ин паймон ҳаргиз қасд надоштааст то тавсеаи худро мутаваққиф кунад».

Вазири умури хориҷаи Русия дар идома гуфт: «агар ба амалкарди НАТО дар чанд соли гузашта бингред такопуи низомӣ ва амниятии ин эътилоф дар Иттиҳодияи Аврупоро мебинед».

Лавров бо эътироф ба ин мавзӯъ, ки Маскав қодир аст ба ғарб вобаста набошад, идома дод: «Амрико майли ҳамешагӣ барои нобудии иқтисоди Русия дошта ва ин ба давлатҳо вобаста набудааст».

Ҷанги Русия ва Украина ҳамчунон идома дорад ва кишварҳои ғарбӣ ба саркардагии Амрико бо тамоми имконоти худ дар ҳоли ҳимоят ва пуштибонӣ аз Киев ҳастанд. Амрико беш аз 35.4 миллиард доллар таслиҳот аз оғози ҷанги Украина дар феврали 2022 ба Киев ироа карда ва Иттиҳодияи Аврупо низ 13.3 миллиард доллар ба ин кишвар кумак кардааст; Бо ин ҳол, муовини вазири хориҷаи Украина муддаӣ аст кишвараш ба 10 баробари ин кумакҳо барои поён додан ба «таҷовузи Русия» дар соли ҷорӣ ниёз дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад