Пурсуҷуи СММ аз мақомоти тоҷик дар бораи Бадахшон

Қарор аст, Кумитаи маҳви табъиз дар Созмони Милал ба зудӣ назари худро дар бораи вазъи аққалиятҳо дар Тоҷикистон ва то куҷо ҳимоят шудани ҳуқуқи онҳо бигӯяд.

Қарор аст, Кумитаи маҳви табъиз дар Созмони Милал ба зудӣ назари худро дар бораи вазъи аққалиятҳо дар Тоҷикистон ва то куҷо ҳимоят шудани ҳуқуқи онҳо бигӯяд.

Намояндагони кумита тайи ду рӯз дар ҳафтаи гузашта гузориши ҳукумати Тоҷикистонро дар ин бора шуниданд ва суолҳои зиёде ҳам дар бораи мардуми Бадахшону авзои онҷо ва лӯлиёну паноҳҷӯён пурсиданд.

Намояндагони Созмони Милал дар Женева бештар аз 6 соат бо мақомоти Тоҷикистон суолу ҷавоб ва радду бадал карданд. Суолҳои зиёде ҳам дар бораи мардуми Бадахшон ва нооромиҳои солҳои охир дар ин вилоят буд.

Шайх Абдулло Алӣ Ал-Миснод, гузоришгари Кумитаи маҳви табъизи Созмони Милал дар вокуниш ба ҳарфҳои намояндагони Тоҷикистон, ки вазъи сокинони Бадахшонро хуб арзёбӣ карданд, гуфт: “Хуб, помириҳо тоҷик ҳастанд, чаро бо онҳо мисли тоҷикон муносибат намешавад, чаро ҳамеша дар ин минтақа низоъ будааст?”

Аз ҳайати Тоҷикистон, ки иборат аз вазирону дигар мақомоти баландпоя буданд, хостанд, шарҳ бидиҳанд, ки чаро дар Бадахшон, ки маҳалли иқомати ақаллиятҳои помирист, ҷангу хунрезӣ сурат гирифт. Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон дар посух гуфт, ки сабаб, ба қавли ӯ гуруҳҳои ҷиноӣ ва табаҳкор буданд, ки бо созмонҳои ифротгарову террористӣ иртибот доштанд ва вазъи вилоятро ноором мекарданд.

Абдураҳмон Аламшозода гуфт:

“Онҳо бо созмонҳои террористии фаъол дар Афғонистон ба мисли Ал-қоида, ДОИШ, Ансоруллоҳ ва дигарон робитаи наздик доштанд. Раҳбарони гурӯҳҳои ҷиноии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мунтазам бо раҳбарони ин гурӯҳҳои террористӣ музокироти телефонӣ доштанд ”.

Маркази вилоят, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон соли гузашта шоҳиди тазоҳуроти хунин шуд. Аз ҷумла рӯзи 18-уми май ҳангоми пароканда кардани гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшон, ки роҳи Душанбе-Хоруғро баста буданд, даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Сокинон мегӯянд, барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ садо баланд мекарданд, чун солҳои ахир таъқиби онҳо ва худсарии мақомоти интизомӣ зиёд шуд.

Дар нишасти Созмони Милал, ки рӯзҳои 20-ум ва 21-уми апрел гузориши Тоҷикистон дар бораи ҳимоят аз ҳуқуқи ақаллиятҳоро баррасӣ кард, дар бораи фишор ба ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони маданӣ гуфтанд, ки даҳҳо нафари онҳо пас аз нооромиҳои Бадахшон зиндонӣ шуданд. Намояндагони кумитаи Созмони Милал ҳамчунин аз ихроҷи 30 шаҳрванди Афғонистон ба ватанашон изҳори нигаронии амиқ карданд, чун ба қавли онҳо ҳукумати Тоҷикистон зиндагии он паноҳҷӯёнро дар хатар гузоштааст.

Масъалаи дигар ҳаққу ҳуқуқи лӯлиёни Тоҷикистон буд, ки бино ба гузориши созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҳамчунон табъиз мешаванд ва ҳукумат ҳам барои беҳбуди онҳо ба қадри кофӣ талош намекунад. Қарор аст, намояндагони Кумитаи маҳви табъиз дар Созмони Милал, ки бо мақомоти Тоҷикистон радду бадали зиёд доштанд, баъди хатми нишаст натиҷагирӣ ва тавсияву машваратҳои худро расонаӣ кунад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ба нақл аз Озодӣ, чанд таҳлилгари байнулмилалӣ дар як нишаст саркӯби эътирозгарон дар Бадахшон ва боздошту ҳукмҳои зодагони ин вилояти мухторро аз мавридҳои бадтарини нақзи ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон дар соли 2022 номбар карданд.

Эътироз дар Хоруғу Рӯшон моҳи майи имсол ва бо талаби таҳқиқи одилонаи марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини Роштқалъа ва истеъфои раиси шаҳри Хоруғу раиси вилояти Бадахшон шуруъ шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки дар амалиёти якмоҳа 29 узви гуруҳи ҷиноиро дар вилоят аз байн бурданд. Аммо баъзе аз расонаҳо аз ҷумла Озодӣ номи 34 кушташударо гирд овард. Пайвандонашон гуфтанд, онҳо узви гуруҳи ҷиноӣ набуданд, балки ба ҳимоят аз ҳуқуқи худу атрофиён ба кӯчаҳо баромаданд.

Идмаи матлаб …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад