Вокуниши Захарова ба ихроҷи дипломатҳои русӣ аз Олмон

Намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Русия вобаста ба ихроҷи дастаҷамъонаи дипломатҳои рус аз Олмон дар бораи ихроҷи беш аз 20 дипломати олмонӣ хабар дод

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфтааст, ки беш аз 20 дипломати олмонӣ аз Русия ихроҷ мешаванд.
Ӯ гуфт: “Беш аз 20 дипломати олмонӣ Русияро тарк мекунанд”.
Пеш аз ин вазорати хориҷаи Русия гузориш дода буд, ки Берлин дар бораи ихроҷи дастаҷамъии дипломатҳои рус тасмим гирифтааст.
Бино бар ин эъломи вазорати хориҷаи Русия, мақомоти олмонӣ сиёсати тахриби равобити дуҷонибаро дунбол мекунанд.
Маскав дар посухи тасмим ба ихроҷи дипломатҳои олмонӣ аз Русия гирифтааст, сафири Олмон қаблан огоҳ шудааст.

Чанде пеш вазорати умури хориҷаи Русия хабар дода буд, ки мақомоти Олмон дар мавриди ихроҷи дастаҷамъии дигаре аз кормандони намояндагиҳои дипломатии Русия дар Олмон тасмим гирифтаанд.
Вазорати хориҷаи Русия гуфта: “Мо ин иқдомоти Берлинро, ки ҳамчунон бо саркашӣ ба тахриби кули маҷмуъаи равобити Русия ва Олмон аз ҷумлаи абъоди диплумотики онҳо идома медиҳад, ба шиддат маҳкум мекунем”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад