Охирин хабар аз бозори асъори кишвар: доллар арзон шуду евро гарон

Дар бозори арзи кишвар болоравии якбораи қурби евро ба назар мерасад. Аммо қурби рубл нисбат ба рӯзи қаблӣ тағйир наёфтааст.

Бонки миллии иттилоъ дода: Қимати як ҳазор рубл дар кишвар 133,5 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бар асоси нишондодҳои нашркардаи БМТ, қурби пули русӣ дар чанд рӯзӣ ахир дар сатҳи устовор қарор гирифтааст. Қурби пули рубли русӣ нисбат ба дирӯз ҳеҷ тағйире наёфтааст.
Дар зимн қимати пулҳои хориҷии дигар, аз ҷумла доллари ИМА ва евро андаке коҳиш ёфтааст.
Ҳоло дар кишвар бар ивази ҳар доллар 10.9139 сомонӣ медиҳанд, вале ин тағйирёбӣ нисбати рӯзи пешин хеле кам аст, зеро дирӯз доллар 10.9143 сомонӣ арзиш дод.

Дар ҳамин ҳол, асъори аврупоӣ майли болоравӣ касб намуда, ҳоло ҳар евро 11.9769 сомонӣ нарх дорад.
Рӯзи пеш 1 евро дар бозори арзи кишвар ба арзиши 11.9577 мубодила мешуд.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад