Сафари таҳдидомези муовини вазири хазонадории Амрико ба ОМ

Муовини вазири хазонадории Амрико бо ҳадафи фишор бар Русия ва ҷилавгирӣ аз бекор кардани таҳримҳо ба Қирғизистон ва Қазоқистон сафар мекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Элизабет Розенберг, муовини вазири хазонадории Амрико қасди дорад барои гуфтугӯ дар мавриди таҳримҳои зидди Русия ба Қирғизистон ва Қазоқистон сафар кунад.

Ин сафар дар таърихи 23 то 28 апрел барномарезӣ шудааст, Розенберг илова бар Бишкек аз Астане ва Алмаато низ сафар мекунад.

Розенберг ҳамроҳ бо фиристодагони Вазорати бозаргонии Амрико, ҳамкорони Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё дар Осиёи Марказоӣ бо намояндагони давлат ва маҳофили тиҷорӣ дар мавриди риояи таҳримҳо ва муқобила бо бекор кардани онҳо дар тиҷорат ва масоили марбут ба он дидор хоҳанд кард.

Дар баёнияи матбуотӣ дар мавриди ин сафар эълон шуд: хазонадории Иёлоти Муттаҳида як роҳи ҳалли тиҷории равшан ироа медиҳад: даргири иқтисоди ҷаҳонӣ бимонед ё аз ҷанги Русия ҳимояти моддӣ кунед ва дастрасӣ ба муҳимтарин бозорҳои ҷаҳониро аз даст бидиҳед.

Қобили зикр аст, Брайан Нелсон, муовини вазири хазонадории Амрико дар таърихи 16 то 22 аврел аз Зурих, Берн, Милан, Вена ва Берлин боздид хоҳад кард.

Нелсон дар Аврупо бо мақомот, муассисоти молӣ ва соири ширкатҳое, ки ба таомул бо Русия идома медиҳанд, мулоқот хоҳад кард.

Вай пеш аз ин низ ба ҳамин манзур ба Туркия ва Ховари Миёна аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи арабӣ сафар карда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад