Гуфтугӯи Эрон ва Тоҷикистон барои баргузории размоишҳои низомӣ

Агимзод Шараф, ҷонишини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи кишварамон Тоҷикистон бо Ҳусайн Валиванд, фармондеҳи донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва ба табодули назар пардохтанд.

Ҷонишини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи кишварамон Тоҷикистон дар дидор бо фармондеҳи донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дархсуси чигунагии баргузории размоишҳои мураккаб бо ҳамкории ду кишвар ба табодули назар пардохт.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, генерал “Ҳусайн Валиванд” фармондеҳи донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиш дар ҷараёни боздиди ҳайати низомии кишвар, изҳор дошт: донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иртибот бо кишварҳои дӯст ва ҳампаймон аз ҷумла Тоҷикистон дар тамоми ҳавзаҳо ва ба вижа ҳавзаи дифоъӣ ва низомӣ истиқбол мекунад ва умедвор ҳастем, ки таомулот мобайни ду кишвар бештар аз пеш густариш ёбад.

Фармондеҳи донишгоҳи низомии артишии Ҷумҳурии Исломии Эрон, зимни ироаи тавзеҳоте дар хусуси иқдомоти омӯзишӣ ва пажӯҳишии ин донишгоҳ, гуфт: донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиш ба унвони қадимитарин донишгоҳи кишвар, дар ҳавзаи таълими афсарони артиш ва соири нкруҳои мусаллаҳ дар сутӯҳи мухталиф дорои таҷриба ва андӯхтаҳои илмии қобили таваҷҷӯҳе аст ва дар ҳавзаи омӯзиш ва пажӯҳиш низ аз қобилиятҳои арзишманд ва ба рӯзе бархурдор аст, ки бистарсози иртиқои тавони дифоъи кишвар аст.

Вай хотирнишон кард: дар ин донишгоҳ аз зарфияти лозим ҷиҳати баргузории давраҳои омӯзиши забони форсӣ барои донишҷӯёни эъзомӣ бархурдор ҳастем.

Дар идомаи ин дидор, генерал “Агимзод Шараф”, раиси ҳайати низомии кишвар зимни ташаккур аз мизбонии донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт: омӯзишҳои низомӣ дар кишвари мо қидмати тӯлонӣ дорад ва аз онҷо, ки омӯзишҳои анҷом шуда дар Ҷумҳурии Исломии Эрон шабоҳати бисёре бо омӯзишҳои низомӣ дар кишвари мо Тоҷикистон дорад, умедворем битавонем дар арсаҳои дифоӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо гомҳои хубе бардорем.

Дар поёни ин боздид ҳайати низомии кишвар аз раванди размоиши ҷанги таркибие, ки дар донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиш дар ҳоли баргузорӣ аст, матлеъ шуда ва дар идома аз амокуни мухталифи ин донишгоҳ аз ҷумла маркази бозии ҷанг, донишкадаи фармондеҳӣ ва ситоди донишкадаи пуштибонӣ ва ситод ва музаи ҷанги донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиш боздид карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад