Намояндаи парлумони Урдун хостори эълони ҷиҳод дар ҳимоят аз Масҷидулақсо шуд

Намояндаи парлумони Урдун хостори эъломи ҷиҳод ва ҷазби неруҳои довталаб дар тамоми кишварҳои исломӣ ба манзури озодсозии Масҷидулақсо ва бозгашти тамоми марзҳо бо Фаластини ишғолӣ шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Халил Атия” дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Шаҳоб” тасреҳ кард, ки душмани ҷинояткори саҳюнистӣ танҳо забони зӯр ва қудратро мефаҳмад ва ҳар мавзеъе, ки дар ҳадду таносуби ҷиноёт ва таҷовузҳои ин режим набошад, беарзиш хоҳад буд.

Халил Атия изҳор дошт, ки ҳаттокии низомёни исроилӣ ба Масҷидулақсо ва зарбу шатми ваҳшиёнаи намозгузорони фаластинӣ ва эътикофкунандагон дар ин масҷид, таҷовузи ошкор алайҳи дини Ислом ва ҳокимияти Урдун бар муқаддасоти исломии Қудс аст.

Вай гуфт, ки ҷиноятҳои буздилонаи душмани исроилӣ нақзи тавофуқи ақибаи ва Шарм-ал-шайх аст ва исроилиҳои ишғолгар ҳеҷ аҳду паймоне намешиносанд.

Ин намояндаи урдунӣ таъкид кард, ки ҳамалоти ваҳшиёнаи исроилиҳо ба Масҷидулақсо набояд бепосух бимонад ва фақат ба маҳкумияти холи иктифо намекунад, балки бояд иқдоми амалӣ сурат гирад.

Гуфтнӣ аст дар рӯзҳои ахир ҳамзамон бо айёми моҳи мубораки Рамазон, низомиёни исроилӣ ба намозгузорони фаластинӣ дар Масҷидулақсо ҳамалоти ваҳшёнае дошта ва садҳо нафарро боздошт ва захмӣ карданд. Дар ин ҳамалот исроилиҳо бо нақзи ҳаққи мусулмонон дар баргузории маросими ибодӣ дар қиблаи аввали мусулмонони ҷаҳон, ба сурате рафтор карданд, ки интиқодоти маҳофили минтақаӣ ва байналмилалиро эҷод кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад