Нигаҳдории 147 муҳоҷири тоҷик дар “Сахарово”-и Маскав

Дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии "Сахарово" дар баробари муҳоҷирони мард занони тоҷик низ нигаҳдорӣ мешаванд. 

Дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии “Сахарово” дар баробари муҳоҷирони мард занони тоҷик низ нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба гузориши манбаъ:

Дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии “Сахарово”-и Маскав 147 шаҳрванди боздоштшудаи ҷумҳурӣ ҳузур доранд, иттилоъ дод ба Sputnik сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Ба иттилои сафорат, аз ин шумор 5 нафарашонро занони муҳоҷир ташкил медиҳанд.

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия ахиран кормандони Хадамоти консулии Сафорат аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия – воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москв – боздид намуда, бо роҳбари муассисаи мазкур Алексей Лагода мулоқот анҷом доданд.

Сафорат таъкид кардааст:

“Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба интиқоли зудтари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан ва шароити нигаҳдории онҳо дар ин муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”.

Инчунин, кормандони сафорат дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд.

Қайд карда шудааст, ки дар рафти сӯҳбат ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, барои дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуданд.

Дар ин дидор кормандони сафорат ба шаҳрвандон ваъда доданд, ки талош хоҳанд кард, то ҳуҷҷатҳояшонро ҳарчӣ зудтар омода намоянду онҳоро ба Ватан баргардонанд.

Қайд карда шудаст, ки рӯзи 9 апрел аз маркази “Сахарово” 13 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан баргардонида хоҳад шуд.

Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид.

Сафорат қайд кардааст, ки корҳо барои ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия мунтазам анҷом дода мешаванд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар Русия шумораи нақзи қонунҳои муҳоҷират ба таври назаррас афзоиш ёфтааст: кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар будубоши ғайриқонунии хориҷиёнро сабт кардаанд.

Теъдоди хориҷие, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, дар соли гузашта беш аз 2,5 баробар афзоиш ёфтааст.

Чунин маълумотро вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев зимни суханронии худ дар ҷаласаи васеъи солонаи коллегияи ин идора пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони вазорат дар бахши манзил ва ҷойҳои фаъолияти кории муҳоҷирон, сохтмонҳо, савдо ва хидматрасонӣ ҳудуди 300 ҳазор санҷиш гузаронидаанд.

Вай гуфт:

“Натиҷаи санҷиши ҳамаҷониба беш аз 2,5 баробар афзудани шумораи шахсоне буд, ки аз ҳудуди Русия ихроҷ ва депорт карда шудаанд”.

Колоколтсев қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ назорати риояи қонунҳои муҳоҷиратро идома дода, ба коҳиши теъдоди хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар Русия буду бош доранд, мусоидат мекунад.

Вай тавзеҳ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 17% ҳодисаҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва 11% қайди қалбакии шаҳрвандон сабт шудааст.

Қобили зикр аст, ки теъдоди нақзи қонуни муҳоҷират нисбат ба соли 2021 қариб 50% афзоиш ёфтааст.

Соли гузашта 106 ҷинояти ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 214,8 ҳазор қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 – 47,1% зиёд мебошад.

Вуруди беш аз 48 000 шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар манъ шуда, беш аз 33 000 қарори ихроҷи маъмурӣ қабул шудааст.

 

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад