Дидори вузарои хориҷаи Русия ва Эрон

Вазирони умури хориҷаи Русия ва Эрон дар Маскав дидор ва масоили дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо ҳамтои эрониаш, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён имрӯз дар Маскав дидор, масоили дуҷониба ва минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

Лавров дар ин дидор зимни табрики соли нави ҳиҷрии шамсӣ ва моҳи шарифи Рамазон ба ҳамтои худ гуфт: “гуфтугӯҳои мо фаъолона ва рӯ ба ҷилав аст ва гуфтугӯҳои мухталифе дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дорем.

Амирабдуллоҳиён ҳам ба ҳангоми вуруд ба Маскав ба хабарнигорон гуфт, ки дар бораи Барҷом ва мавзӯъҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилаӣ бо ҳамтои худ гуфтугӯ хоҳад кард. Вай ҳамчунин бо баёни инки ҳамкориҳои дифоии Эрон ва Русия алайҳи ҳеч тарафе нахоҳад буд, гуфт, ҳаҷми табодули тиҷории ду кишвар дар як ва ним соли гузашта ба беш аз 3.5 баробар афзоиш пайдо кардааст.

Коршиносон бар ин боваранд, ки маъмурияти вижаи вазири умури хориҷаи Эрон дар сафар ба Маскав ин аст, ки Русия миёнҷигарии дурахшоне дар ояндаи равобити Эрон бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон дошта бошад, аз тарафи дигар поён ёфтани ҷанги Яман ҳам меҳвари муҳим ва калидӣ дар ин дидор ба шумор меравад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад