11 миллион кӯдак дар Яман ниёз ба кӯмак доранд

Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эъло кард, ки 11 миллион кӯдак дар Яман ба кӯмакҳои фаврии башардӯстона ниёз доранд.

ЮНИСЕФ рӯзи гузашта дар вебсайти расмии худ эълон кард, ки ҳашт сол ҷанг сахт зиндагии миллионҳо кӯдакро дар Яман таҳти таъсир қарор дода ва боис шудааст то 11 миллион кӯдак ба як ё чанд навъ кӯмаки низомии башардӯстона ниёзи фаврӣ дошта бошанд.

Ин ниҳоди байналмилалӣ ҳушдор додааст, к миллионҳо нафар бо хатари суитағзия рӯбарӯ ҳастанд, магар инки иқдомоти фаврӣ анҷом шавад.

Тибқи гузориши ЮНИСЕФ, ҷанг дар Яман ҳамчунин буҳрони суитағзия дар ин кишварро ташдид кардааст. Беш аз 2 миллион кӯдак дучори суитағзия ва беш аз 540 кӯдаки дигар, ки дучори суитағзияи ҳод ҳастанд, бояд фавран барои ироаи хадамоти дармонӣ ва ҳимояти пизишкии лозим аз онҳо иқдом кард.

ЮНИСЕФ таъкид кард, ки барои кӯмак молии фаврӣ ҷиҳати ироаи кӯмакҳои башардӯстонаи наҷотбахш дар Яман ба 484 миллион доллар ниёз дорад.

Арабистони Саудӣ аз марти 2015 дар қолиби эътилофе аз чанд кишвари арабӣ ва бо ҳимояи Амрико, ҳамалоти густардаеро алайҳи Яман фақиртарин кишвар арабӣ оғоз кард то ба баҳонаи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, президенти истеъфо дода ва фирории ин кишвар ба қудрат, ба аҳдофи худ бирасад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад