Фатвои Толибон: ҳар касе Наврӯз таҷлил мекунад, аз Ислом хориҷ мешавад!

Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати “Толибон” Наврӯзро аз “ҷашнҳои ғайриисломӣ” хонда эълон намуд, ки ҳеҷ касе дар Афғонистон набояд Наврӯзро ҷашн гирад.
Муҳаммадяҳё Ориф, яке мақомдорони ин вазорат дар як паёми видеоӣ гуфт, ки аз ҷониби ин вазорат мунташир гардид, таъкид мекунад, ки Наврӯз иди мусалмонҳо нест ва дар идома афзуд, ки “касоне, ки аз Наврӯз таҷлил мекунанд ва ба он эҳтиром мегузоранд, аз доираи Ислом хориҷ мешаванд”. Бо хондани оёту аҳодис ва тафсири аз он, таъкид намуд, ки “Наврӯз иди маҷусиён аст ва иди ғайри мусалмон аст ва иди мушрикин аст”. Аз ин лиҳоз ба гуфтаи ин мансабдори гурӯҳи “Толибон”, мусалмонон бояд аз ҷашн гирифтани Наврӯз худдорӣ кунанд.
Ин ҳам дар ҳоле аст, ки бисёре аз уламои исломӣ дар Афғонистон ин нигоҳ ва тафсири “Толибон”-ро нисюат ба Наврӯз тундгароёна ва беасос медонанд.
Муҳаммад Муҳаққиқ, як пажӯҳишгари динӣ дар Афғонистон бар он назар аст, ки “чунин тафсир ба омӯзаҳои исломӣ дар бораи Наврӯз мувофиқ нест”. Оғои Муҳаққиқ бар он назар аст, ки “ҷашни Наврӯз мутаалиқ ба як қавм ва ё як минтақае нест. Ва он яке аз дастовардҳои тамаддуни инсонӣ аст”.
Муҳаққиқ дар сӯҳбат ба расонаҳои форсизабон гуфт, ки “ҳеҷ ҳукме дар Ислом дар таҳрим, яъне ҳаром щукм кардани Наврӯз вуҷуд надорад. Мутлақан дар Қуръони маҷид ҳеҷ чизе дар мавриди Наврӯз нест ва дар аҳодиси мӯътабари Набӣ ҳам ҳеҷ чизе нест”. Ӯ дар идома мегӯяд, ки “ривоёти заиф ва бархе фатвоҳое, ки вуҷуд доранд, дар натиҷаи кашмакашҳои сиёсӣ ва таърихӣ ба вуҷуд омадаанд”.

Дар ҳамин ҳол бо дарназардошти манъ намудани ҷашнгирии Наврӯз аз ҷониби “Толибон” иди Наврӯз дар Кобул дар як зиёратгоҳи шиаён таҷлил карда шуд. Аз сабаби он ки ин маҳал ба шиаён тааллуқ дошт, нерӯҳои “Толибон” монеи маросими ҷашни Наврӯз дар ин макон нашуданд. Вале дар зиёратгоҳи мавсум ба “Равзаи Шариф” дар Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, ки ҳамасола Наврӯз ба таври густурда ва расмӣ баргузор мешуд, имсол маросиме баргузор нашуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад