Кушта шудани наздик ба 400 сарбози украинӣ дар як рӯз дар се самти ҷабҳа

Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки танҳо дар ҷабҳаи Донетск дар як шабонарӯз беш аз 250 сарбози украинӣ кушта шудааст.

Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки танҳо дар ҷабҳаи Донетск дар як шабонарӯз беш аз 250 сарбози украинӣ кушта шудааст.

Вазорати дифои Русия эълон кард, ки низомиёни рус дар самти Донетск зимни амалиёти вижаи низомӣ дар қаламрави Украина беш аз 250 сарбози украиниро нобуд карданд.

Дар гузориши ахири вазорати дифои Русия омадааст: “Дар самти Донетск дар натиҷаи амалиётҳои низомӣ нерӯҳои Русия беш аз 250 сарбози украинӣ, шаш танк, панҷ мошини зиреҳпӯш, ҳафт мошин ва як тӯпи Д-20-ро нобуд карданд”.

Гуфта мешавад, дар наздикии шаҳраки Ласточкино анбори лавозимоти ҷангии гурӯҳи савораи артиши Украина нобуд карда шуд.

Ҳамчунин ин манбаъ хабар дод, ки нерӯҳои Русия дар самти Купянск дар як рӯз то 70 низомии украинӣ ва панҷ техника, аз ҷумла як тӯпи амрикоии M777-ро нобуд карданд.

Вазорати дифои Русия эълом кард, ки “70 низомии украинӣ, як мошини ҷангии пиёда, ду мошини боркаш, мошини ҷангии “Град” ва инчунин тӯпи сохти Амрико М777, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сохта шудааст, нобуд карда шуд”.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи “Марказ”-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар самти Краснолиманск дар як шабонарӯз беш аз 80 низомии украинӣ ва 6 техникаро нобуд карданд.

Ба иттилои вазорати дифои Русия, дар самти Краснолиманск зарбаҳои ҳавоӣ ва артиш ва амалиётҳои фаъоли воҳидҳои гурӯҳи “Марказ” нисбати нерӯҳо ва техникаи душман дар минтақаи Червоная Диброваи Ҷумҳурии мардумии Луганск инчунин Ямполовка ва Терн дар ҶМД анҷом доданд.

Дар ин самт дар як шабонарӯз беш аз 80 низомии украинӣ, ду мошини зиреҳпӯш, се мошини боркаш ва як тӯпи Д-30 нобуд карда шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад