Дар пайи тақвияти равобит бо кишварҳои дӯст ҳастем

Вазири умури хориҷаи Русия мегӯяд, ки талоши кишварҳои ғарбӣ барои мунзавӣ кардани Русия шикаст хӯрдааст.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия мегӯяд, ки қудрати дӯстони кишвараш аз Осиё то Амрикои Лотин бо такя ба худ, ҳокимияти мустақим ва фарҳангу тамаддунашон ба марҳилаи ҷадиде расидааст.

Вай илова кард, онҳо сиёсатҳои хориҷии мустақим доранд, ки манофеи милии ҳастаии онҳоро дар авлавият қарор медиҳад. Ин масъала ба падидомадани як назми ҷаҳонии чандқутбӣ кӯмак мекунад.

Ба гуфтаи Лавров айни замон робитаи Русия бо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар пойинтарин сатҳи мумкин баъд аз давраи ҷанги сард қарор дорад.

Вай гуфт: “азмоне, ки амалиёти низомии мо (дар Украина) оғоз шуд Ғарб як ҷанги ҳамаҷониба алайҳи Русия эълон кард. ҳадафи ин ҷанг мағлуб кардани мо дар майдони ҷанг, тахриби иқтисоди Русия ва тазъифи суботи сиёсии дохилии мо аст.”

Вазири умури хориҷаи Русия илова кард: “мо дар ҳоли ҳамкорӣ о шарикони қобили эътимоди байналмилалимон барои гузашта ба созу корҳои тиҷории хориҷӣ бо арзи ғайр аз евро ва доллар ва эҷоди зерсохтҳои бонкӣ ва молие ҳастем, ки таҳти кантроли Ғарб нестанд.”

Лавров илова кард, мо ҳамеша дар талош ҳастем ҳамкориҳои роҳбудии худро бо Ҳиндро мустаҳкам карда ва равобитамон бо Бразилия, Эрон, Иморот, Туркия, Арабистони Саудӣ, Африқои Ҷанубӣ ва бисёре аз кишварҳои дӯст тақвият кунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад