Раҳмон Наврӯзро табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ҷашни бостонӣ омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун аст, кики дар шароити кунунӣ бисёр муҳим аст.

Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ҷашни бостонӣ омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун аст, кики дар шароити кунунӣ бисёр муҳим аст.

Ба нақл аз дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон, ба муносибати фарорасии Наврӯз сокинони кишварро табрик гуфт.

Дар хабари манбаъ омадааст: “Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзамонро ба муносибати ҷашни Соли нав – Наврӯзи байналмилалӣ – ойини баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат самимона табрик мегӯям”.

Вай таъкид кард, ки нақши ҷашни бостонии баҳору кишоварзӣ бахусус “дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молӣ, тағйири иқлим ва паёмадҳои он – хушксолиҳои пай дар пай” намоён аст.

Раҳмон мутмаин аст, ки “Наврӯз арзишҳои таҳаммулпазирӣ, шаъну шараф ва эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ, сулҳу ваҳдатро таъйид мекунад”.

Маҳз ба ҳамин хотир, ба гуфтаи ӯ, ин ҷашни бостониро хурду бузурги мардум, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ, бо шодиву нишот ва дастҷамъона таҷлил мекунанд.

Илова бар ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ёдовар шуд, ки дар шароити душвори ҷаҳони муосир шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд сарфакор бошанд.

Ёдовар мешавем, ки кишвар дар Наврӯз то 26 март истироҳат мекунад. Дар тамоми минтақаҳо ҷашну маросимҳо, барномаҳои рангини фарҳангӣ ва мусобиқаҳо дар назар аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад