Барномаи маросими таҷлили ҷаншни Наврӯз дар кишвар

Тоҷикистон ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз омодагӣ мегирад - сокинон аллакай метавонанд дар кӯчаҳову хиёбонҳои орододашуда сайру гашт кунанд.

Аммо ҷашнҳои асосӣ ҳанӯз дар пешанд. Дар Душанбе чорабиниҳои идона рӯзи 21 март соати 04:00 дар Боғи Ғалабаи пойтахт оғоз мешаванд.

Дар он ҷо гулхан афрӯхта шуда, таоми асосии идона – суманак пухта мешавад. Мақомот дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ барои сокинону меҳмонон чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ омода кардаанд.

Бояд гуфт, имсол тибқи ҷадвали астрономӣ, 21 март соати 02:30 Замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи Офтоб аз баробарии шабурӯзи баҳорӣ мегузарад. Барои тоҷикон ин айёми Наврӯз аст.
Бар асоси гузоришҳо, ҷашни Наврӯз ва навбаҳори табиат дар нахустин рӯзҳои соли нави хуршедӣ дар саросари кишвар бо ҳузури густардаи мардум ва бо шодию нишоти хос баргузор хоҳад шуд.

Дар даҳаи аввали Наврӯз маросимҳои мухталифи марбут ба ҷашни Наврӯз дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон баргузор мешавад, ки барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, мусиқӣ, ҳунарӣ, варзишӣ ва ғайра иҷро хоҳад шуд.

Бар ҳамин асос, раиси вилояти Суғд хабар дод, дар вилояти Суғд ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мешавад. Баргузории чорабиниҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзи 22 март дар ипподроми Ҷамъияти саҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаев бозиҳои миллии аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мешаванд.
Гуфтанӣ аст, ки бузкашӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ маъмул буда, ҳамчун намуди алоҳидаи варзиш эътироф шудаст.
Дар Тоҷикистон ин навъи бозиро намуди миллӣ медонанд, ки баргузории он ҳазорҳо нафар тамошобин ва човандозро аз навоҳии гуногун ҷамъ меорад.

Қобили зикр аст, ки ахиран як мақоми ҳукумати толибҳо дар вилояти Бадахшони Афғонистон таҷлил аз Наврӯзро ҳаром донист ва гуфт гиромидошт аз Наврӯз ҳеҷ бунёди динӣ надорад.
Раиси иттилоот ва фарҳанги вилояти Бадахшон “Маъзолидин Аҳмадӣ” гуфт, ки ин рӯз, рӯзи таваллуди Ҷамшеди Зартушт аст ва гиромидошт аз он ҳаром мебошад.
Вай афзуд, “гиромидошт аз Наврӯз ҳеҷ бунёди динӣ надорад ва таҷлил аз ин рӯз аз манзари динӣ мардуд ва ҳаром аст”.

Раиси иттилоот ва фарҳанги Бадахшон ҳамчунин гуфт пушидани либоси нав ба муносибати Наврӯз ва рафтан ба хонаи дӯстон ва хешовандон бобати табрикии он, бунёд динӣ надорад ва ҳаром аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад