Интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии Қазоқистон

Интизор меравад интихоботи порлумонии пеш аз муҳлати имрӯз дар Қазоқистон султаи раиси ҷумҳури ин кишвар бар қудратро таҳким бахшаду тағйиру таҳаввули мақомотро, ки аз соли гузашта оғоз шудааст, такмил кунад.

Ихтиёроти қавитар ба Қосим Ҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон кумак хоҳад кард то аз миёни ошуфтагиҳои минтақавие, ки бо ҳамлаи Русия ба Украина ба вуҷуд омад ва зарарҳои он бар тиҷорат, сармоягузорӣ ва занҷираҳои таъмин дар саросари Ҷамоҳири Шӯравии собиқ убур кунад.

Гарчи Тоқаеви 69 сола се соли пеш ба раёсат ҷумҳурӣ расид, аммо ҳамчунон то январи соли 2022, ки бо Нурсултон Назарбоев дар буҳбуҳаи як шуриш ва нооромиҳои сиёсӣ бо якдигар дучори ихтилоф шуданд, дар сояи ин раисҷумҳури собиқ қарор дошт.

Тоқаев пас аз саркӯби нооромиҳои сиёсӣ дар ин кишвари Осиёи Миёна, Назарбоевро ба ҳошия ронду теъдоде аз муттаҳидонашро аз мақомҳои аршад дар бахши давлатӣ ихроҷ кард, ки бархе аз онҳо каме баъд бо иттиҳомоти фасод мувоҷеҳ шуданд.

Гарчи Тоқаев тағироте дар давлат эҷод кард, аммо ӯ дар замоне рӯи кор омад, ки маҷлиси салафӣ зери назари Назарбоев интихоб шуда ва қудрату ихтиёроти зиёде дошт ва ӯ ҳизби ҳокимро роҳбарӣ мекард ва қарор набуд интихоботи порлумонӣ то соли 2026 баргузор шавад ва дар ниҳоят Тоқаев тасмим гирифт, ки интихоботи пеш аз муҳлат эълон кунад.

Тоқаев бархилофи Назарбоев тасмим гирифт то раҳбари ҳизби ҳоким набошад, аммо назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки ҳизби ҳоким эҳтимолан як аксарияти қотеъро дар порлумон бадаст меовараду пойгоҳи марказии худро дар порлумон ба вижа дар набуди аҳзоби оппозисюн дар ҷараёни интихобот ташкил хоҳад дод.

Бо ин ҳол, барои нахустин бор дар ду даҳаи гузашта чандин тан аз аъзои оппозисюн ба унвони номзадҳои мустақил дар ин интихобот ширкат доранд; иқдоме, ки иҷоза медиҳад бархе аз мунтақидони давлат теъдоди маҳдуде курсӣ дар порлумон бадаст оваранд.

Раиси ҷумуҳри Қазоқистон таъкид дорад, ки ин интихобот ба вай иҷоза хоҳад дод то иҷрои барномааш барои ислоҳи ин кишварро оғоз ва тақсими одилонатари сарвати нафтии ин кишварро тазмин кунад.

Вай бар хилофи дарёфти ҳимоятҳои Маскав дар ҷараёни нооромиҳои 2022 аз ҳимоят аз ҳамлаи Русия ба Украина ё ба расмият шинохтани илҳоқи бахшҳое аз Украина ба Русия имтиноъ кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад