Вуқӯъи заминларзаи 4 дараҷаӣ дар Бадахшон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба риёсати ҷумҳурии кишвар аз вуқӯъи заминларзаи 4 дараҷаӣ дар ин Бадахшон хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, соати 06:37 дақиқаи субҳи имрӯз дар устони Бадахшон заминларзаи 4 дараҷаӣ рух дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба муассисаи ларзанигории кишвар хотирнишон кард, ки конуни ин заминларзаи дар 366 километрии ҷануби шарқи шаҳри Душанбе, 90 километрии ғарби минтақаи Мурғоб, дар маҳдудаи устони Бадахшони Тоҷикистон будааст.

Бузургии заминларза дар маркази зилзила 4 дараҷа ва дар минтақаи Мурғоб 2 дараҷа баровард шудааст.

Бар асоси гузориши ниҳодҳои кишвар ҳеҷ мавриди хасорати ҷонӣ ё молӣ бар асари ин зилзила сабт нашудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки чандин марокизи ларзанигорӣ дар кишварҳои мухталифи Осиёи Марказӣ аз сабти ду заминларза дар минтақаи Мурғоб дар фосилаи каме аз якдигар ва бо фосилаи камтар аз як соат, хабар додаанд.

Бар асоси ин гузоришот, бузургии заминларза аввалӣ 4.1 дараҷа ва умқи он 15 километр ва заминларза дувумӣ 4.8 дараҷа ва умқи он 100 километрии замин унвон шудааст.

Шоён зикр аст, ки дар ҳафтаи ахир дар қаламрави Тоҷикистон даҳҳо зилзилаи камтар аз 6 дараҷа сабт шудааст.

Пас аз вуқӯъи заминларза шадид дар Туркия ва Сурия, ки садҳо сохтумонро вайрон ва даҳҳо ҳазор қурбониро дар пай дошт, кумитаи меъморӣ ва сохт ва соз Тоҷикистон тасмим гирифт тавони муқовимати сохтумонҳои тоза бунёд шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар дар баробари заминларзаро озмоиш кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад