Тақвияти рӯзафзуни қудрати низомии Қирғизистон дар муқоиса бо Тоҷикистон

Тоҷикистон аз назари қудрати низомӣ дар радабарндии Global Firepower 2023 дар зинаи 120-ум байни 145 кишвар қарор гирифт.

Тоҷикистон аз назари қудрати низомӣ дар радабарндии Global Firepower 2023 дар зинаи 120-ум байни 145 кишвар қарор гирифт.

Мавқеъи Тоҷикистон тақрибан бетағйир боқӣ мемонад, дар ҳоле, ки Қирғизистон — кишваре, ки Тоҷикистон бо он чанд бархӯрди низомӣ дошта ва муносибот ҳанӯз тезутунд боқӣ мемонанд, сол то сол мавқеъашро беҳтар мекунад.

Шохиси Тоҷикистон дар радабанди 2.6403 аст ва Қирғизистон 2.1703. Ҳар чӣ ин шохис камтар бошад, қудрати низомии давлат бештар аст. Барои мисол шохиси Узбекистон, ки дар мавқеъи 62-ум қарор дорад 1.0392 мебошад.

Мутахассисони ин радабанди 60 омили мухталиф, аз ҷумла сатҳи буҷаи дифоъӣ, шумораи артиш, теъдоди тонкҳо, ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва дигар таҷҳизот низомӣ, дастрасӣ ба манобеъ, нафт, ангишсанг ва ғайраро, ки бар тавони размии артиш таъсир мегузорад, арзёбӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, омили вуҷуди силоҳҳои ҳастаӣ дар назар гирифта нашудааст.

5 кишваре, ки болотарин сатҳ қудрати низомиро доранд Амрико, Русия, Чин, Ҳинд ва Бритониё ҳастанд. Радабандӣ бо Сомалӣ, Молдова, Бенин ва Бутан хотима меёбад.

Байни кишварҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон заъифтарин артишро дорад ва байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ низ танҳо Молдова дар зинаи поинтар аз Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Бо дарназардошти ин ки Молдова дар таҳдиди ҳамлаи Русия қарор гирифтаву Ғарб дар ҳоли баррасии кӯмак ба ин кишвар аст, баиъд нест дар радабандии оянда ин кишвар низ аз Тоҷикистон пеш гузарад.

Тибқи додаҳои ин радабандӣ, Тоҷикистон танҳо дар шумори ҳавопаймоҳо ва чархболҳо аз Қириғизистон пешӣ гирифтааст. Ҳавопаймоҳои ҷангии Тоҷикистон 4 адад ва Қирғизистон 0, чархболҳои ҷангии Тоҷикистон 6 ва Қирғизистон 2 адад ҳисоб шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, шумори тонкҳо ва мошинҳои ҷангии кишвари ҳамсоя бамаротиб бештар аз кишвари мост: Қирғизистон  215 тонк дорад ва Тоҷикистон танҳо 37. Шумори мошинҳои зиреҳпӯш низ ба нафъи кишвари ҳамсоя аст: 5268 адад бар 4352 адад.

Қирғизистон дорои 64 тӯпхонаи худгард (самоходная артиллерия) ва 311 тӯпхонаи кашидашаванда доштааст, дар ҳоле, ки Тоҷикистон аз тӯпхонаҳои худгард маҳрум буда, ҳамагӣ 10 адад тӯпхонаи кашидашаванда дорад.

Қирғизистон дорои 21 мушакандоз (РСЗО) буда, аммо Тоҷикистон ҳамагӣ се адад аз ин силоҳи муҳимро доштааст.

Ва билохира, бо вуҷуди 1,5 баробар бештар будани аҳолии Тоҷикистон, буҷаи низомии кишвари ҳамсоя 26 млн доллар ё наздики 30 дарсад бештар аз буҷаи низомии кишвари мост: 116 млн доллар дар муқобили 90 млн доллар.

Қирғизситон ду соли охир бо суръат қудрати низомии худро боло мебарад ва на танҳо тонку мошинҳои зиреҳпӯш, балки паҳподҳои ҷангие мисли “Байракдор”-и туркӣ харидорӣ кардааст, ки дар навъи худ яке аз беҳтраинҳо дар ҷаҳон ҳисобида мешаванд. Ду сол қабл ин кишвар аз Русия 120 мошини зерҳпӯши “Тигр” низ заридорӣ карда буд.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон бо вуҷуди чанд таҷовузи низомӣ аз ҷониби кишвари ҳамсоя камтарин иқдоме барои афзоиши қудрати низомӣ накардааст.

Бо гузашти 30 сол аз таъсиси артиши миллӣ ҳанӯз оддитарин масъала дар артиш — даъвати наваскарон ҳали худро наёфта, танҳо бо роҳи сарбозрабоӣ сафи артиш пур карда мешавад.

Дар аксари ҳолат ҷавононе аз тарафи комиссариатҳои ҳарбӣ “облава” мешаванд, ки дорои бемориҳои гуногунанд ва танҳо бинобар гурехта натавонистанашон ба дасти кормандони комиссариатҳо афтодаанд.

Бинобар фирори саросарии ҷавонон аз хидмат дар артиш ва баргузидани роҳи ҳиҷрат аз тарафи онҳо, ҳукумат ду сол қабл тасмими ҷалби донишҷӯён ба сафи артишро гирифт.

Дар натиҷа ду соли охир шумори хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ бамаротиб камтар шуда, аксари донишгоҳҳо натавонистанд синфхонаҳояшонро аз донишҷӯ пур кунанд. Шумори довталабон ба бахше аз ихтисосҳо камтар аз 20 дарсади шуморе буд, ки донишгоҳҳо мехостанд қабул кунанд.

Соли гузашта расонаҳои эронӣ аз шурӯъ ба кор намудани корхонаи ҷамъоварии паҳподҳои сохти ин кишвар дар Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҳамин ҳол то ҳанӯз артиши кишвар ягон адад аз ин паҳподҳо дарёфт накардааст.

Мақомоти эронӣ ҳам чанде қабл эълон карданд, ки паҳподҳои истеҳсолшавнада дар Тоҷикистон дар муқобили ҳеҷ кишваре, аз ҷумла Қирғизистон истифода нахоҳанд шуд.

Ҷолибтар аз ҳама ин аст, ки дар 30 соли истиқлолият артиши Тоҷикистон ҳатто як мил силоҳ ҳам харидорӣ накарда, ниёзҳояшро танҳо аз ҳисоби кӯмакҳо таъмин мекунад.

Кӯмакҳо ҳам асосан иборатанд аз силоҳҳои кӯҳнашуда русӣ, ки ҳар гоҳ мӯҳлати истифодаашон ба итмом расид Русия ба Тоҷикистон ва дигар “бародарони кӯчак”-аш тақдим мекунад.

Адами ислоҳот дар артиши кишвар, хунукназари давлат ба он, сатҳи бисёр ночизи буҷаи низомӣ ва ғайра фасод дар артишро сол то сол бештар ва дар натиҷа худи артишро заъифтар месозад.

Артиши 30-солаи Тоҷикистон дар ҲАМА нишондиҳандаҳо бамаротиб заъифтар аз ҳамон 30 соли қабл аст. Ва ин заъф ҳар сол бештар мешавад.

Дар ҳоле, ки артиши Қирғизистон бо суръат қавитар мегардад ва пеш меравад. Бо ин ҳол баъид нест, ки чанд сол баъд артиши аз маъюбон ташкилшудаи Тоҷикистон бо силоҳҳои зангзада, қудрати муқовимат дар таҷовузи навбатти ҳамсояҳоро надошта бошад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад