Афзоиши 30% воридоти мошин ба Суғд

Давоми соли 2022 ба вилояти Суғд 31 ҳазору 439 адад мошин ба  маблағи 125,1 млн доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки ин шумора назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 11  300 адад ва маблағи 49 млн доллар зиёд  мебошад.

Давоми соли 2022 ба вилояти Суғд 31 ҳазору 439 адад мошин ба  маблағи 125,1 млн доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки ин шумора назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 11  300 адад ва маблағи 49 млн доллар зиёд  мебошад.

Соли гузашта 20 ҳазору 128 мошин ба маблағи 76 млн доллари амрикоӣ ворид шуда буд.

Дар ин бора Анвар Оқилов, муовини якуми сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки ин миқдор мошин ба вилояти Суғд асосан аз  давлатҳои  Аврупо, Чин, Гурҷистон, Русия, Корея ва Ӯзбекистон ворид шудаанд ва соли барориши аксари онҳо пас аз соли 2005 мебошад.

Анвар Оқилов гуфт:

“Фақат як маҳдудият ҳаст, мошинҳое, ки соли бароришаш то соли 2005 аст, воридоташ манъ мебошад. Зеро талаботи қонунгузорӣ чунин аст ва мо дар доираи талаботи қонун воридоти онҳоро иҷозат намедиҳем”.

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2018 воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 ба қаламрави кишвар манъ шудааст. Дар сурати кушиши воридкунии чунин навъи мошинҳо, мақомоти гумрук онро манъ мекунад ва амборҳои махсус нигаҳ медорад. Дар ҳолати зарурӣ ва бо иҷозаи худи соҳиби мошинҳо он бозсодирот ё худ реэкспорт карда мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Аз аввали соли 2022 содироти мошинҳо аз Гурҷистон ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 беш аз 61% афзоиш ёфтааст.

Ин омор аз маълумоти Идораи миллии омори Гурҷистон оварда шудааст.

Ҳамин тариқ, дар давраи аз январ то сентябр ҳаҷми реэкспорт 8 миллиону 700 ҳазор долларро ташкил дод. Ин дар ҳоле ки як сол қабл ин рақам ба 5 миллиону 400 ҳазор доллар баробар буд.

Дар давоми нуҳ моҳ ба Точикистон 1470 мошин ворид шудааст. Ба Тоҷикистон асосан мошинҳои истифодашуда ворид мекунанд. Қаблан мошинҳо асосан аз Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ ворид мешуданд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 130 адад мошинҳои барқӣ ворид карда буд.

Бар хабари Хадамоти гумруки кишвар, ҳаҷми воридоти ин навъ худравҳо 3 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил додааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад