Ирсоли номаи ҳамдардии Путин ба Раҳмон

Президенти Русия ба раисҷумҳури кишвар дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари тармафароии фоҷиабори ахир дар ҷумҳурӣ изҳори ҳамдардӣ баён кардааст

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба  президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба оқибатҳои тармафароӣ дар ҷумҳурӣ изҳори ҳамдардӣ баён кард.
Раисҷумҳуи Русия: “Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, ҳамдардии амиқи моро дар робита ба оқибатҳои фоҷиабори тармафароӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қабул намоед”.
Вай инчунин ба ҳамаи осебдидагон аз офати табиӣ шифо комили ҳарчи зудтар таманно карда, аз онҳо хоҳиш кардааст, ки ба наздикону пайвандони қурбониён суханони самимии ҳамдардиашро бирасонанд.

Ёдовари мекунем, ки шумори қурбониёни тармафароии рӯзи 15-уми феврал дар ВМКб ба 16 адад расид.
“Ёздаҳ нафар аз фавтидагон зан, се нафар кӯдак ва ду нафар мард буда, нӯҳ тан сокини ноҳияи Мурғоб, ду сокини шаҳри Хоруғ, як сокини ноҳияи Роштқалъа ва як сокини ноҳияи Рӯшон мебошанд”.
Ҳамзамон ҷустуҷӯи ду сокини ноҳияи Ишкошим, ки бе ному нишон мебошанд ва донишҷӯ буданд, аз ҷониби кормандони КҲФ, ихтиёриён ва низомиён идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад