Баррасии чашмандози равобити дуҷониба дар дидори мақомоти Тоҷикистону Озарбойҷон

 Дар дидори сафири Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Озарбойҷон вазъияти кунунӣ ва дурнамои тавсеаи равобит байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар дидори сафири Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Озарбойҷон вазъияти кунунӣ ва дурнамои тавсеаи равобит байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Рустам Солӣ, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Халаф Халафов, муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор масоили марбут ба вазъияти кунунӣ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва теранзит, ҳавонаврдӣ, энергӣ, санъатӣ, гардишгарӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишӣ маврид баҳс ва баррасӣ қарор доданд.

Илова бар ин, ду тараф дар хусуси ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон бо ҳадафи иҷрои проектҳои муштарак дар ҳамаи заминаҳо, созмондеҳии сафарҳои мутақобил ва ҳамчунин тавсеаи механизмҳои ҷадиди таомул баҳс ва табодули назар карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад