Сенаторҳои рус хитоб ба парлумони Аврупо: Беҳурматӣ ба Қуръонро маҳкум кунед

Раиси шӯрои Федератсияи Русия эълом кард сенаторҳои ин кишвар аз аъзои парлумони Аврупо мехоҳанд беҳурматии Қуръони Карим дар Шветсия ва Нидерландро аланан маҳкум кунанд ва иқдомотеро барои посухгӯ кардани омилон анҷом диҳанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Валентина Матвинко”, раиси шӯрои Федератсияи Русия (маҷлиси Сано) шанбе (чаҳоруми феврал) дар канал телеграмии худ эълом кард сенаторҳои Русия аз аъзои парлумони Аврупо мехоҳанд беҳурматии Қуръони Карим дар Шветсия ва Нидерландро аланан маҳкум кунанд ва иқдомотеро барои муҳофизат аз мусулмонон ва посухгӯ кардани омилон анҷом диҳанд.

Ба гузориши хабаргузории русии “ТАСС”, вай изҳор дошт: сенаторҳои рус аз аъзои парлумони Аврупо мехоҳанд иқдомоти ифротгароёнаи радикалро ба унвони намоиши таҳаммулнопазирии динӣ маҳкум кунанд ва иқдомотеро барои муҳофизат аз озодии динии мусулмонон ва намояндагони соири адён ва посухгӯ кардани касоне, ки муқассири ин иқдомоти таҳрикомез ҳастанд, анҷом диҳанд.

Тайи рӯзҳои ахир кишварҳои мусулмон оташ задани Қуръони Карим ва иҳонат ба соҳат ва қудсии китоби осмонии мусулмонон дар теъдоде аз пойтахтҳои Аврупоиро маҳкум кардаанд. Вазорати умури хориҷаи Русия ҳам пештар дар баёнияе иҳонт ва беҳурматӣ ба китоби муқаддаси мусулмонон дар Шветсияро маҳкум кард.

Маскав аз Стокголм хост то дар ин замина иқдомотеро иттихоз кунад. Ин иқдоми хабосатомез боиси эҷоди шикоф миёни Шветсия ва кишварҳои исломӣ ба хусус Туркия шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки Шветсия ниёзманди мувофиқати Туркия барои пайвастани ин кишвар ба эътилофи паймони Атлантики Шимолӣ аст.

Аз сӯи дигар раиси бахши равобити Калисои Ортодокси Русия аз тавҳини ахир ба Қуръони Карим дар Шветсия шадидан интиқод кард. “Владимир Лагуида”, дар канали телеграмии худ гуфт: сӯзондани Қуръони Карим дар наздики сафорати Туркия дар Шветсия иқдоми харобкорона ва ғайриқобили қабул аст.

Чанде қабл, Туркия музокирот бо Шветсия ва Финляндия бар сари узвияти онҳо дар эътилофи НАТО-ро дар эътироз ба иҳонти “Расмус Палудан” раҳбари ҳизби рости ифротии данияӣ “ифротгаро” (Hard Line), дар ба оташ кашидани Қуръони Карим муқобили сафорати Туркия дар Стокголм, муаллақ кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад