Амрико дар пайи саркуби иқтисодии Аврупо аст

Вазири хориҷаи Русия бо таъкид бар инки Вашингтон, Аврупоро таҳти авомири худ дароварда, гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳоли иҷрои барномаи саркуби иқтисодии Аврупо аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сергей Лавров”, вазири умури хориҷаи Русия имрӯз (панҷшанбе) дар гуфтугӯ бо хабаргузории “РИА Новости” тасреҳ кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба думболи саркуби иқтисоди Аврупо аст ва ин фарояндро оғоз кардааст.

Вазири хориҷаи Русия бо таъкид бар инҳисорталабии Амрико гуфт: «инҳо суннатҳои истеъморӣ аст, ки ҳамаро ба қимати зиндагии дигарон таҳти султа даровард».

Сергей Лавров дар ин мусоҳиба ба иқдомоти Ғарб барои ташдиди ҷанги Украина ишора кард ва гуфт: «мо ба думболи поёни ҷанги Украина ҳастем, аммо замон, омили аслӣ нест. Ҳеҷ кас аз муттаҳидони Украина талош намекунанд, ки Киевро ба музокира бо Русия мутақоид кунанд».

Вазир хориҷаи Русия иллати аслӣ ва решаи ҷанги Украинаро бо ин тафаккури Вашингтон муртабит донист, ки Иёлоти Муттаҳида истисноӣ аст ва ин иддао, ки ин истиснои будан зоҳиран султагарии ин кишварро тавҷеҳ мекунад.

Сергей Лавров дар ин хусус гуфт: «беҳтар аст, ки афрод дар таҳлилҳои худ аз ин тақобул (ҷанги Украина) амиқтар бияндешанд. Мақомҳои амрикоӣ мӯътақиданд, ки Иёлоти Муттаҳида бархилофи ҳар кишваре дар ҷаҳон, истисноӣ аст ва вазифаи ҳидоят ва раҳбариро бар уҳда дорад зеро дар ғайри инсурат ҳарҷу марҷ барпо хоҳад шуд».

Кулли НАТО алайҳи Русия дар ҳоли набард аст

Вай дар бахше аз мусоҳибаи худ ба набарди тамомаёри НАТО алайҳи Русия ишора кард ва гуфт: «тамоми Аврупо ба раҳбарии Амрико алайҳи мо ҷамъ шудаанд ва бар ҳалли масъалаи Русия исрор доранд. Мо шоҳидем, ки НАТО читавр алайҳи мо дар ҳоли набард аст».

Лавров бо радди бархе иддао дар хусуси дархости кумаки низомии Русия аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Кореяи Шимолӣ барои набард дар Украина гуфт: «муҷтамаи низомӣ ва санъатии Русия фаъол аст ва ҳама чиз хуб пеш хоҳад рафт».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад