Истирдоди танҳо зиндонии эронии боқимонда дар Тоҷикистон

Сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон аз истирдоди танҳо зиндонии эронии боқимонда дар Тоҷикистон ба Эрон хабар дод.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон аз истирдоди танҳо зиндонии эронии боқимонда дар хоки Тоҷикистон ба Эрон хабар додааст.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер бо эъломи ин хабар гуфт: “бо пайгирӣ ва ройзаниҳои сафорат ва ҳамоҳангиҳои анҷомшуда бо Вазорати корҳои хориҷа ва Вазорати додгустарӣ ва мусоидати мақомоти қазоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар чорчуби мувофиқатномаи интиқоли маҳкумон байни ду кишвар, танҳо зиндонии боқимондаи эронӣ дар Тоҷикистон ба Эрон мунтақил шуд.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад