Осиёи Марказӣ дар соли 2023; аз масоили сиёсӣ то чолишҳои амниятию иқтисодӣ

 Раиси маркази ибтикороти мутолиотии “Маъно” гуфт: “соли 2023 барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон соли осон ва бедардисаре нахоҳад буд.”

Бахтиёр Эргашев, раиси маркази ибтикороти мутолиотии “Маъно” гуфт: “Соли 2023 дар Осиёи Марказӣ соли танишу бесуботӣ хоҳад буд.”

Эргашев дар гуфтугӯ бо маркази гузоришҳои таҳлилии Донишгоҳи давлатии Маскав изҳор дошт: “Соли 2022 барои Осиёи Марказӣ соли осоне набуд ва дар заминаи мушкилоти қадимӣ монанд даргириҳои марзӣ ва камбуди манобеъ марҳалаи ҷадиде аз рӯёрӯии геополотика байни қудратҳои бузург оғоз шуд. Соли 2023 барои минтақа ва ҷаҳон осон нахоҳад буд.”

Вай дар посух ба ин пурсиш, ки оё эҳтимоли ҷанг дар Осиёи Марказӣ дар соли 2023 вуҷуд дорад ва сабабҳо ва паёмадҳои ончи метавонад бошад, тасреҳ кард: “Агар дар мавриди ҷанг ё даргирии мусаллаҳонаи ҷиддӣ мустақиман байни кишварҳои Осиёи Марказӣ сӯҳбат кунем, фикр намекунам, ки даргири низомии густурда байни кишварҳои минтақа имконпазир бошад. Бешак нуқтаи ҳассос ҳамон даргирии марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад.”

Ба гуфтаи вай, аммо итминон дорам, ки ин даргирӣ, бо вуҷуди инки эҳтимоли ташдиди он вуҷуд дорад, хунсо хоҳад шуд. Қазоқистон ва Узбакистон ду кишвари муҳими минтақа ин имконро доранд, то мавзеи худро ба сарони Қирғизистон ва Тоҷикистон мунтақил кунанд. Илова бар ин, на Чин ва на Русия алоқае барои эҷоди муноқиша надоранд. Ин кишварҳо ба даргирии дигаре ниёз надоранд, ки ҳалли он ба манобеи ҷиддӣ ниёз дорад.”

Эргашев ёдовар шуд: “Чин акнун ба ҳалли масоил бо Амрико аз даричаи Тайван ва ба таври куллӣ ҳалли вазъият дар дарёи Чини ҷанубӣ мутамаркиз шудааст. Ин масири стратегии аслии фаъолият аст ва онҳо ниёзманд ба фазои ором дар ғарб, яъне дар Осиёи Марказӣ ҳастанд. Русия имрӯз машғули амалиёти низомии вижа аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин фикр намекунам дар соли 2023 дар Осиёи Марказӣ як даргирии мусаллаҳонаи ҷиддӣ имконпазир аст.”

Вай дар посух ба ин пурсиш, ки оё бояд мунтазири камбуди ҷиддии манобеъ монанди газ, барқ, об, ё афзоиши қиматҳо ва бадтар шудани зиндагии ҷамъияти Осиёи Марказӣ дар соли 2023 бошем низ гуфт: “Камбуди барқ барои Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон дар як давраи муаян дар фасли замистон, шароите аст, ки дар 20 соли гузашта барои ҳамаи ин кишварҳо вуҷуд дошта, аммо ин токунун мунҷар ба бурузи даргирии ҷиддӣ дар дохил ва байни кишварҳои минтақа нашудааст.”

Ба гуфтаи вай, ба ин далел фикр намекунам, дар натиҷаи камбуди барқ ё газ даргириҳое дар соли 2023 мумкин бошад. Давлатҳо феълан метавонанд ба тавофуқ бирасанд ва ин чолишҳоро хунсо кунанд. Ман фикр намекунам, ки камбуди воқеии барқ ё об мунҷар ба паёмадҳои ҷиддӣ шавад.”

Эргашев афзуд: “Камбуд, бидуни тардид, вуҷуд дорад ва мо медонем, ки Узбакистон низ дар даврони замистон бо камбуди газ дар даврони гармоиш мувоҷеҳ шуд. Оё ин мунҷар ба вахомати шадиди зиндагии мардум хоҳад шуд? Сатҳи зиндагӣ дар ҳоли ҳозир низ хеле боло нест. Аммо оё камбуд метавонад котолизоре барои норизоятиҳои иҷтимоӣ бошад? Ман ҳанӯз пешшартҳоро намебинам. Давлат ҳанӯз бо талошҳои фавқулодда муваффақ мешавад лаҳзаҳои мушкилсозро хунсо кунад ва ман фикр намекунам, ки тазоҳурот мумкин бошад.”

Ин коршиноси ӯзбек дар идома тасреҳ кард: “Мебинем, ки вазъият дар Қазоқистон дар заминаи таъмини барқ дар фасли замистон ва мушкилоти фаннӣ, ки пеш меояд чӣ қадар муташанниҷ аст. Аммо давлати Қазоқистон барои ҳалли мушкилот талош мекунад ва ман фикр намекунам, ки камбуди барқ, харобиҳои гармоишӣ дар манотиқи ин кишвар метавонад ба вахомати авзоъ дар кишвар ва эътирозҳои зидди давлатӣ мунҷар шавад.”

Эргашев дар посух ба ин пурсиш, ки оё бояд мунтазири тағйири қудрат дар ҳар як аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва паёмадҳои муртабит бо он бошем ва кадом кишвар дар маърази хатар аст ва кадом кишвар суботи бештаре дорад, гуфт: “Вақте кишварҳо сиёсати навсозиро иҷро мекунанд, онҳо дар вазъияти гузор қарор мегиранд. Дар муқобил мушкилоти бисёр ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чунин кишварҳо албатта, бисёр осебпазир ҳастанд.”

Ба гуфтаи вай, аз онҷое, ки онҳо тақрибан таҷрибае аз интиқоли машрӯъи қудрат надоранд, таҷрибаи таърихии зиёде аз амалкарди муассири ниҳодҳои қудрат дар давраҳои гузор вуҷуд надорад. Фуқдони фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсии мардум вуҷуд дорад.”

Ин коршинос ёдовар шуд: “Ҳамаи ин мушкилот вуҷуд дорад ва бидуни шак ҳамаи кишварҳо дар ҳол гузор дар баробари таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ осебпазир ҳастанд. Аммо агар воқеъбинона нигоҳ кунем, имрӯз дар ҳеҷ як аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ шароити воқеӣ барои тағйири режим вуҷуд надорад. Вазъият дар Тоҷикистон комилан қобили контрол аст ва усулан ҳеҷ неруи дохилӣ вуҷуд надорад, ки битавонад барои давлати феълӣ мушкилсоз бошад. Интиқоли тадриҷии қудрат дар Туркманистон, ки дар як соли гузашта оғоз шудааст, нишон медиҳад, ки ҳеҷ неруи мухолифи фаросистемии ҷиддӣ дар Туркманистон вуҷуд надорад, ки битавонад барои Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳур мушкил эҷод кунад.”

Эргашев афзуд: “Ба назари ман, пас аз ҳаводиси январи соли 2022 дар Қазоқистон, онҳо натиҷагирӣ карданд, аз ин таҷриба дарс гирифтанд ва ҳеҷ фаъолияти ҷиддии мухолифон дар онҷо пешбинӣ намешавад. Он ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки дар марҳалаи ҷадид дар Қазоқистон роҳандозӣ шудааст, ба сурати иҷмоъ иҷро мешавад. Ман фикр намекунам акнун неруҳое дар Қазоқистон вуҷуд дошта бошанд, ки битавонанд барои сарнагунии режими феълӣ ба равишҳои ғайриқонунӣ мутавассил шаванд.”

Вай гуфт: “Давлати феълӣ қатъан эътибор дорад ва барномаи ислоҳоти худро ба кишвар ироа кардааст ва дар ҷомеа бар мӯҳтавои ислоҳот иҷмоъ вуҷуд дорад. Бахши умдаи мардум аз ин ислоҳот ҳимоят мекунанд ва ба Қосим Тоқаев, раиси ҷумҳур ва тимаш ихтиёроти комил медиҳанд, то барномаҳои худро иҷро кунанд ва ман фикр намекунам, ки кудатоҳои монанди моҳи январи соли 2022 имконпазир бошад.”

Ин коршинос бо ишора ба инки дар Узбакистон вазъият пас аз соли 2017, пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, барномаи ислоҳоте, ки ба ин кишвар пешниҳод шуда буд, мавриди ҳимоят қарор гирифта афзуд: “Дар ин кишвар дар мавриди ислоҳот, дар мавриди инки чӣ касе онҳоро анҷом медиҳад, иттифоқи назар вуҷуд дорад, ба раиси ҷумҳур раъйи эътимод дода мешавад ва аз масири тарҳрезишудаи вай ҳимоят мешавад, ва ман фикр намекунам, ки дар ин кишвар кудато имконпазир бошад. Ҳатто рӯйдодҳои Қарақалпоқистон дар соли 2022 низ нишон дод, ки давлат вазъиятро бо итминони комил контрол мекунад, метавонад ба ҳолатҳои изтирорӣ вокуниш нишон диҳад ва натиҷагирӣ кунад.”

Эргашев афзуд: “Қирғизистон кишвари хоссе дар минтақа аст, чандин инқилобро таҷриба кардааст ва ҳеҷ кас дар минтақа ҳаргиз наметавонад бигӯяд, ки ин ё он шӯриши мусаллаҳона дар Қирғизистон имконпазир нест. Аммо бо ҳамаи инҳо, тими Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳур акнун вазъиятро бо итминони комил контрол мекунад. Ҳатто парвандаи душвори имзои тавофуқномаи ҳалли қисматҳои мавриди муноқишаи марз бо Узбакистон, бо вуҷуди мухолифати бисёр ҷиддии нируҳои мухолиф, ба таври мусбат ҳал шуд ва тасмиме гирифта шуд.

Эргашев тасреҳ кард: “Ин танҳо таъйиде бар ин аст, ки қувваи иҷроия ба раёсати Ҷабборов итминон дорад. Дар соли 2023 ман ҳеҷ фурсате барои шӯриш, кудато ё инқилоби дигаре дар Қирғизистон намебинам. Ба назари ман давлати Ҷабборов ҳам бо Чин ва ҳам бо Русия равобити хубе барқарор кардааст ва мушкили хоссе бо ин кишварҳо вуҷуд нахоҳад дошт. Агар дигар кишварҳои ғайримантиқаӣ, ҳамон кишварҳои ғарбӣ, бихоҳанд дар Қирғизистон коре анҷом диҳанд, фикр мекунам ин бор ба ин роҳатӣ иттифоқ намеафтад: “ҳама хоҳони сулҳ ва субот дар минтақа ҳастанд ва шӯришҳои Қирғизистон ҳамаро хаста карда ва дигар дар онҷо кудатои осоне рух намедиҳад. Кишварҳои минтақа ва кишварҳои ҳамсояи ғайри минтақаӣ кумак хоҳанд кард, то дар Қирғизистон авзоъ бо субот барқарор шавад.”

Дар соли 2023 дар Осиёи Марказӣ чӣ иттифоқи хубе метавонад биафтад? Эргашев дар посух ба ин пурсиш гуфт: “Агар кудато, иғтишошот бар ҳар мабное вуҷуд надошта бошад, хуб аст. Умедворам дар соли 2023 дар минтақа он иттифоқот наафтад. Усулан, кишварҳои минтақа дар ҳоли вуруд ба масири широкат ва ҳамкорӣ ҳастанд. Ман аз истилоҳи “ҳамгароӣ” истифода намекунам, зеро ин як мафҳуми амиқтар аст. Аммо, ҳамонтавр, ки ба назари ман мерасад, минтақа дар ҳоли дарки ин мавзӯъ аст, ки мушорикат ва проектҳои муштарак маврид ниёз аст. Ман фикр намекунам, ки минтақа барои масъалаи ҷиддӣ монанди эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ барои Осиёи Марказӣ омода бошад. Агарчи ин поинтарин марҳалаи иттиҳоди ҳамгароӣ аст.”

Ба гуфтаи вай, ба назар мерасад, ки равобити дуҷониба тавсеа хоҳад ёфт ва набояд интизори як пешрафти ҷиддии ҳамгароӣ шуд. На кишварҳо ва на нухбагон ҳанӯз барои ин масъала омода нестанд. Бо ин ҳол, проектҳои дуҷониба вуҷуд хоҳад дошт. Аз ҷумла, Узбакистон барномарезӣ мекунад дар сохти як ниругоҳи барқи обӣ рӯи рӯдхонаи Норин дар Қирғизистон ширкат кунад ва қарор аст дар сохти як неругоҳи барқи обӣ рӯи рӯдхонаи Зарафшон дар Тоҷикистон мушорикат кунад. Проектҳои дигаре низ вуҷуд дорад. Дар натиҷа, ин метавонад ангезае барои вуруд ба проектҳои бузурги чандҷонибаи минтақаӣ бошад.

Вай дар мавриди инки дар як калом, соли 2023-ро дар Осиёи Марказӣ чигуна тавсиф мекунед, изҳор дошт: “Бо таваҷҷӯҳ ба ошуфтагиҳои геополотикӣ дар миқёси ҷаҳонӣ, рӯёрӯии физоянда байни блокҳои кишварҳои ғарбӣ ва ғайри ғарбӣ, соли 2023 ташаннуҷ ва бесубот хоҳад буд. Осиёи Марказӣ аз ин қоида хориҷ нахоҳад буд ва ман эҳтимолан онро ба унвони як интизори пуртаниш тавсиф мекунам. Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди талотуми ҷаҳонӣ, минтақа ҳадди ақал дучори буҳрони ҷиддии минтақаӣ нахоҳад шуд.”

Ба гуфтаи Эргашев, ба назари ман талош барои эҷоди мушорикат дар сатҳи минтақа идома хоҳад дошт ва кишварҳо, албатта, талош хоҳанд кард, то рӯёрӯии геополотикӣ байни бозигарони ҷаҳонӣ таъсире бар минтақа нагузорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад