Артиши Тоҷикистон заифтарин ва артиши Узбакистон қавитарин дар қаламрави ОМ

Бар асоси гузориши маркази “Global firepower index” дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон қавитарин ва артиши Тоҷикистон заифтарин артиш дар ин минтақаро доранд.

Бар асоси ин гузориш, қобилиятҳои мухталифи артишҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рутбабандии “Global firepower index” арзёбӣ ва эълом шудааст. Дар ин рутбабандӣ, ки тавассути коршиносони “Global firepower index” анҷом гирифта, тавонмандии артишҳои 145 кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ин шохис бар асоси 55 меъёр танзим шудааст, ки теъдоди неруҳои мусаллаҳ, сатҳи таҷҳизоти фаннӣ, будҷа, истифода аз фановариҳои модерн ва қобилиятҳои лоҷестикиро дар назар мегирад.

Дар рутбаи аввали радабандии соли 2023 артиши Амрико ва пас аз он Русия ва Чин қарор доранд. Се ҷойгоҳи охири ин рутбаро Молдова, Бенин ва Бутан ишғол карданд.

Қудратмандтарин артиши Осиёи Марказӣ бар асоси рутбабандӣ, Узбакистон аст, ки дар рутбаи 62-юми ҷаҳон қарор дорад. Дар айни ҳол, Узбакистон дар як соли гузашта беш аз 10 мавқеиятро аз даст додааст. Пас аз он Қазоқистон (мақоми 63), Туркманистон (82) қарор доранд.

Дар радабандии соли 2023, Қирғизистон дар ҷойгоҳи 107 қарор гирифт. Агарчи дар рутбабандии сол гузашта ин кишвар дар байни 140 кишвар рутбаи 93-юмро ба худ ихтисос дод. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ҳазинаҳои низомӣ дар сол гузашта болиғ бар 116 миллион доллар будааст.

Заифтарин артиши Осиёи Марказӣ аз они Тоҷикистон аст. Ин кишвар дар ҷойгоҳи 120 қарор гирифт, дар айни ҳол будҷаи дифоии он 90 миллион доллар аст.

Арманистон дар ин рутбабандӣ дар ҷойгоҳи 94 ва Беларус дар ҷойгоҳи 60 қарор дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад