Иқтисоди Украина вайрон шуда ва аз лиҳози низомӣ комилан муттакӣ ба Ғарб аст

Вазири хориҷа ва вазири дифои собиқи Амрико дар мақолае гуфтанд, ки иқтисоди Украина комилан вайрон шуда ва ин кишвар аз лиҳози низомӣ ва таҷҳизот ба сурати комил ба Ғарб мутткаӣ аст.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Расия Алявм”, “Кондолиза Райс”, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки иқтисоди Украина комилан вайрон шуда ва неруҳои низомии ин кишвар ба сурати комил ба кумакҳо ва таҷҳизоти ирсолӣ аз сӯи Ғарб муттакӣ ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, Кондолиза Райс ва Роберт Гейтс вазири дифои собиқи Амрико дар мақолае дар рӯзномаи Вашингтон Пуст афзуданд: иқтисоди Украина вайрон шуда ва миллионҳо нафар аз сокинон фирор кардаанд. Зерсохтҳои Украина аз ҳам пошида ва бештар сарватҳои маъданӣ ва имконоти санъатӣ ва арозии кишоварзӣ таҳти сайтараи Русия ҳастанд.

Ин ду мақоми собиқи Амрико ҳамчунин гуфтанд, ки тавонмандиҳои низомӣ ва иқтисодии Украина тақрибан ба сурати комил ба Ғарб муттакӣ аст ва ин мумкин аст Иёлоти Муттаҳида ва Аврупоро ночор созад Киевро ба самти оғози гуфтугӯ савқ диҳанд.

Веладимир Путин, раиси ҷумҳури Русия пеш аз ин гуфта буд, ки Русия ба ҳеҷ ваҷҳ гуфтугӯ бо Украинаро рад накарда ва ин мақомоти Киев ҳастанд, ки худро аз он манъ кардаанд ва ин амр то ҳудуде аҷиб ба назар мерасад.

Путин ҳамчунин афзуд, ки Маскв ба думболи тадовуми буҳрони Украина нест балки хоҳони поён додан ба он аст.

Лозим ба зикр аст, ки артиши Русия 24 феврал «амалиёти низомии вижаи» худро дар шарқи Украина оғоз кард; Мақомоти аршади давлати Русия мегӯяанд ин амалиёт дар посух ба дархости сарони ҷумҳуриҳои худмухтори Донетск ва Луганск барои ҳифозат аз онҳо дар баробари неруҳои украинӣ оғоз шудааст. Ба навиштаи Спутник, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки ҳадаф аз ин амалиёт «ҳимоят аз мардуме аст, ки беш аз ҳашт сол таҳти наслкушӣ ва озор ва азияти режими Киев қарор доштанд».

Амрико ва кишварҳои ғарбӣ барои муқобила бо пешравии артиши Русия, зимни ирсоли анвоъи таслиҳоти пешрафта ба артиши Украина, токунун таҳримҳои зиёде алайҳи Русия эъмол кардаанд. Аз сӯи дигар Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия низ гуфтааст ҳаргуна маҳмула ва корвони ҳомили таслиҳоти низомӣ барои Украина, ҳадафи машрӯъ барои неруҳои Русия аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад