Таъкиди мақомоти Туркманистону Ҷопон ба тавсеаи ҳамкориҳо

 Дар дидори вазири умури хориҷаи Туркманистон ва вазири иқтисод, тиҷорат ва санъати Ҷопон ба тақвияти ҳамкориҳо байни ду кишвар таъкид шуд.

 Дар дидори вазири умури хориҷаи Туркманистон ва вазири иқтисод, тиҷорат ва санъати Ҷопон ба тақвияти ҳамкориҳо байни ду кишвар таъкид шуд.

 Дар ҳошияи нӯҳумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои «Осиёи Марказӣ + Ҷопон», Рашид Мердов, вазири хориҷаи Туркманистон бо Ёсутуши Нешимуро, вазири иқтисод, тиҷорат ва санъати Ҷопон дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ин дидор тарафайн ба мушорикати иқтисодии роҳбурдӣ, пойдор ва баландмуддати Туркманистон ва Ҷопон ишора карданд, ки намунаи боризи он иҷрои муваффақиятомези проектҳое дар миқёси бузург барои сохти ширкатҳо дар саноеи химиёвии нафт ва газ аст.

 Тарафайн дар мавриди имкони барӯзрасонии нақшаи роҳи ҳамкорӣ дар заминаи зерсохтҳо дар Туркманистон ва такмили он бо проектҳои муртабити ҷадид гуфтугӯ карданд.

 Илова бар ин, тарафи туркманистонӣ ба алоқамандӣ ба мутолиаи таҷрибиёти Ҷопон дар заминаи энергии сабз ва ҳидрожнӣ ва эҷоди саноеи пешрафтаи модерн бо тамаркуз бар тавлиди маҳсулоти рақобатӣ таъкид кард.

 Тарафайн ҳамчунин мавзӯъи ҷазби бонгоҳҳои кӯчак ва мутавассити ​​ҷопониро барои тиҷорат дар Ишқобод ва бар ин асос бонгоҳҳои туркманистонӣ барои тиҷорат бо ин кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Дар поёни ин дидор тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи зерсохтҳо байни Вазорати умури хориҷаи Туркманистон ва Вазорати иқтисод, тиҷорат ва санъати Ҷопон имзо шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад