Дар соли ҷорӣ қариб 120 ҳазор тоҷик шаҳрвандии Русияро гирифтаанд

Бар асоси эълони мақомоти Русия тайи соли равон 119 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Русия, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 119 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муваффақ шудаанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

Гузориши манбаъ мегӯяд, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна ҳудуди 500 нафар ва ҳар се моҳ 45,5 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд.

Таъкид намудааст, ки теъдоди хоҳишмандони гирифтани шаҳрвандии Русия дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Чанде пеш мақомоти Русия хабар дода буд, ки Дар чаҳор моҳи соли 2022 беш аз 187 000 шаҳрванди хориҷӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Як сол қабл ин рақам беш аз 222,8 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ин рақам нисбат ба чаҳор моҳи соли 2021 қариб 36 ҳазор нафар камтар аст.

Дар ин замина дар чаҳор моҳи соли 2022 ба шаҳрвандони хориҷӣ қариб 2 баробар бештар раводид дода шудааст.

Агар дар соли 2021 зиёда аз 44,6 ҳазор нафар раводид гирифта бошад, пас дар айни замон беш аз 76 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аммо шумори шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз қайди муҳоҷиратӣ гузаштаанд, тақрибан аз 3 миллион то 5,1 миллион нафар афзоиш ёфтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад