Беш аз 50 кишвар ба Украина ҳимояти низомӣ ва молӣ кардаанд

Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайи конфронси муштараки хабарӣ бо президенти Украина, Владимир Зеленский дар Вашингтон гуфт, беш аз 50 кишвари ҷаҳон, Танка, мушак ва дигар таслиҳоти низомӣ ва ҳамчунин миллиардҳо доллар дар ихтиёри Украина қарор додаанд.

Байден гуфт, кишварҳои мухталиф 2000 танка ва мошини низомӣ ва 50 сомонаи мушакӣ ба Украина додаанд. Вай илова кард, ки Амрико аз замони ҳамлаи Русия ба Украина ҳудуди 20 миллиард доллар ба Киев кумак кардааст.

Президенти Амрико бузургтарин кумамки худ ба Украинаро ирсоли сомонаи дифоии Патриот хонду изҳор дошт, то замоне, ки Путин қасде барои таваққуфи ҷанг надошта бошад ба ҷанг идома медиҳем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад