Хорватия медали биринҷии Ҷоми ҷаҳониро касб кард

Дастаи мунтахаби Хорватия муқобили Марокаш ба ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва барандаи медали биринҷии мусобиқот гардид.

Дастаи мунтахаби Хорватия муқобили Марокаш ба ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва барандаи медали биринҷии мусобиқот гардид.

Дастаи мунтахаби Хорватия, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҷоми ҷаҳонии футбол тими миллии Марокаш ё Мағрибро ба ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори дуюм дар таърихи худ барандаи медали биринҷии мусобиқот гардид. Бозӣ шаби 17-уми декабр гузашт.

Дар аввали бозӣ, дар дақиқаи ҳафтум, ҳимоятгар Йошко Гвардиол тӯбро бо зарбаи сар ба дарвоза равон кард – 1:0. Пас аз ду дақиқа марокашиҳо ҳисобро баробар намуданд. Голро ҳимоятгар Ашраф Дарӣ ба самар расонд. Дар дақиқаи 42-юм хорватҳо боз пешқадам гаштанд. Тӯби аз масофаи дур задаи Мислав Оршич ба дарвоза ворид шуд – 2:1.

Дар нимаи дуюм ҳисоб тағйир наёфт. Зимнан, дар ҷараёни бозӣ сардовар як қарори баҳсбарангез баровард, ки Йошко Гвардиоларо афтонданд, вале ӯ ба дарвозаи марокашиҳо пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ таъйин накард.

Аз ин пеш мунтахаби Хорватия дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 2018 медали нуқра ва соли 1998 медали биринҷии мусобиқотро ба даст оварда буд.

Мунтахаби Марокаш дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Қатар ҷойи чаҳорумро гирифт, ки ин натиҷа дастоварди бузургест барои ҳам марокашиҳо ва ҳам футболи қораи Африқо. Зеро дар таърихи қаҳрамонии ҷаҳон Марокаш ягона тими миллӣ аз ин қора аст, ки бори аввал ба нимфинал баромада, ҳамчунин барои медалҳои мусобиқот талош кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад