Таҳдиди ДИИШ ба амнияти кишаврҳои ҳамсояи Афғонистон аз нигоҳи ИМА

Мақомоти ИМА гуфтанд, ки ДИИШ намояндагони миллатҳои гуногунро ба сафи худ дар Афғонистон ҷамъ мекунад ва ин таҳдиде ба амнияти кишварҳои ҳамсоя аст.

Ба гузориши “Садои Амрико“, мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДИИШ намояндагони миллатҳои гуногунро ба сафи худ дар Афғонистон ҷамъ мекунад ва ин таҳдиде ба амнияти кишварҳои ҳамсоя аст. Онҳо хостаанд, Толибон барои аз байн бурдани хатар кӯшиши бештар кунанд.

Дар ҳоле ки Толибон мегӯянд, сулҳро дар Афғонистон барқарор кардаанд, шохаи “Хуросон”-и ДИИШ тайи як соли охир дар чанд шаҳри ин кишвар як силсила ҳамлаҳои пурсарусадои террористӣ анҷом дод.

Ин гуруҳ иддао кард, ки ҷангҷӯёнаш рӯзи 12-уми декабри имсол ба як меҳмонхона дар Кобул ҳамла карда, чанд нафарро куштанду чанд каси дигар, аз ҷумла панҷ шаҳрванди Чинро захмӣ карданд. Толибон мегӯянд, се ҳамлавар кушта шуд.

Қаблан мақомоти амрикоӣ гуфта буданд, ки аксар ҷангҷӯёни ДИИШ дар Афғонистон аз минтақаҳои ноороми байни ин кишвар бо Покистон ҳастанд ва бисёре аз онҳо бо Толибон пайвандӣ доранд. Аммо баъди ба қудрат расидани Толибон дар соли гузашта ин нигаронӣ афзудааст, ки баъзе аз низомиёну нерӯҳои пешини амниятӣ барои муқобила бо ҳокимони нав ба тарафи ДИИШ “мегузаранд”.

Садои Амрико рӯзи 15-уми декабр навишт, дар баъзе аз ҳамлаҳои охири шохаи “Хуросон” дар Афғонистон, аз ҷумла рӯзи душанбе ба меҳмонхонаи чиниҳо ва дар моҳи июн ба маъбади сикҳо, эҳтимол ҷангҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок кардаанд.

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷӣ ё Департаменти давлатии Амрико ҳафтаи равон ба “Садои Амрико” гуфтааст, “ДИИШ дар Афғонистон шабакаи чандмиллатии террористӣ мемонад.”

Грэм Смит, мушовири аршади Гурӯҳи Байнулмилалии Буҳронҳо, ба “Садои Амрико” гуфтааст, аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дарк мекунанд, ки боди ситезаҷӯйӣ аз Афғонистон мевазад. Дар аввали имсол аз Афғонистон ба тарафи Тоҷикистону Узбекистон чанд мушак сар доданд. Ба навиштаи “Садои Амрико”, ин кӯшиши ҷангҷӯёни шохаи “Хуросон” барои барангехтани низоъҳои минтақаӣ будааст.

Мақомоти Тоҷикистон моҳи майи имсол гуфтанд, “чанд тир тасодуфан расид”. Дар изҳороти расмии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта шуд, ки нерӯҳои марзбонӣ “ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад