Қотили ҳамсар ба 19 соли зиндон маҳкум шуд

Марде аз шаҳри Роғун, ки ба қатли бераҳмонаи ҳамсараш муттаҳам буд, ба 19 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба гузориши Додгоҳи олии Тоҷикистон, муттаҳам ибтидо бераҳмона ҳамсари худро ба қатл расонида ва пас аз он суиқасд ба ҷони худаш кардааст.

Маҳкумшуда бар асоси ҳукми додгоҳ ба 19 соли зиндон маҳкум шудааст.

Бар хабари дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ҳодисаи куштор моҳи июни соли равон дар ҳудуди шаҳри Роғун рух дод.

Манбаъ меафзояд, миёни зану шавҳар мудом муноқишаҳои оилавӣ сурат мегирифт ва бори охир ҳамсарашро шадидан лату кӯб намуда, нақшаи аз ҳаётмаҳрум намудани ӯро кашид.

Маҳкумшуда бо як адад корди хоҷагидорӣ мусаллаҳ шуда, ба хонаи хушдоманаш рафт, зеро ҳамсари ӯ дар он ҷо ба сар мебурд.

Ӯ зану хушдоманашро думболагирӣ намуда, зимнан дар ҳузури модар зани худро бо 12 зарби корд ва бо бераҳмии махсус аз ҳаёт маҳрум кард.

Ҳамчунин якчанд маротиба бо корд ба гардани худ низ зарба расонд ва бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуд.

Бо ҳукми суд, маҳкумшуда 19 солро дар колонияи низомаш сахт сипарӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад