Федератсияи футболи Исроил: Ҷоми Ҷаҳонӣ ба мо гуфт, ҳама аз мо безоранд!

Раиси Федератсияи футболи режими саҳюнистӣ гуфт, ки Ҷоми Ҷаҳонӣ ба мо собит кард, ки ҳама аз мо безор ҳастанд ва ин таҷрибаи дардноке буд.

Расонаҳои ибрӣ бо нигаронии физоянда аз душмании мардуми кишварҳои арабӣ ва мусулмон бо шаҳркнишинони саҳюнист дар Ҷоми Ҷаҳонӣ сӯҳбат мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо маҷбӯр ба пинҳон кардани ҳувият худ ҳастанд.

Уврен Ҳисун, раиси Федератсияи футболи режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯии расонаӣ дар бораи таҷрибаи нохушоянди рӯзноманигорон ва хабарнигорони расонаҳои ибрӣ дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар, гуфт: «барои ман собит шудааст, ки исроилиҳо дар Қатар маҳбуб нестанд».

Тибқи гузориши шабакаи Маёдин, Ҳисун дар бораи таҷрибаи худ аз ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Қатар ва инки чигуна маҷбӯр буда «исроилӣ будан»-и худро пинҳон кунад, тасреҳ кард: «дар Қатар бо як ронандаи таксӣ ҳамсӯҳбат шудам ва ӯ аз ман пурсид аҳли куҷо ҳастам. Бо инки аҳли ин кишвар будам, аммо дар он замон фаҳмидам, ки беҳтар аст ҳувияти исроилии худро нишон надиҳам».

Раиси Федератсияи футболи режими саҳюнистӣ бо ишора ба инки «таҷриба дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар хушоянд набуд,» афзуд: «мо ҳам дидем бо хабарнигорони исроилӣ чигуна бархурд шуд; шумо эҳсос мекунед, ки мо дар ин кишвар мавриди истиқбол қарор намегирем, бо вуҷуди инки [қатариҳо] тибқи қавонини ФИФО маҷбӯр шуданд мизбони исроилиҳо бошанд».

Расонаҳои ибрӣ тай рӯзҳои гузашта бо нороҳатии шадиде дар хусуси саҳнаҳои таомули манфии афкори умумии мардуми кишварҳои арабӣ бо хабарнигорони саҳюнист, ки барои пӯшиши ахбори Ҷоми Ҷаҳонӣ ба қатр рафта буданд, гузориш медиҳанд. Шаҳракнишинон ва хабарнигорони саҳюнист умедвор буданд, то битавонанд «гузораҳои мусбате»-ро дар хидмати раванди оддисозии равобит эҷод кунанд, ки ҳамагӣ шикаст хӯрдаанд.

Рӯзномаи ибрии «Исроил Ҳиюм» ҳам пештар тайи гузорише навишта буд: «Ҷоми Ҷаҳонӣ, исроилиҳоро дар баробари воқеият ва ҳақиқати бисёр дардноке қарор дод; он ҳам ин буд, ки барои аввалин бор ҳаводорони арабзабони минтақаро диданд ва таҷриба тард шудан, нодида гирифта шудан ва адами пазириши онҳо дар як кишвари арабиро таҷриба карданд».

Қайд карда мешавад, ки бисёре аз кишварҳо ва тамошогаронашон дар мусобиқаҳои футболи Ҷоми Ҷаҳонӣ бо хабарнигорони режими саҳюнистӣ сахт бархурд мекарданд ва дар иваз, аз Фаластин ҳимоят менамуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад