Таъкиди Тоҷикистону Юнон ба афзоиши гардиши савдо

Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Екатерини Нассика, сафири навтаъйини Юнон бо қароргоҳ дар шаҳри Маскав вохӯрӣ намуд.

Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Екатерини Нассика, сафири навтаъйини Юнон бо қароргоҳ дар шаҳри Маскав вохӯрӣ намуд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Екатерини Нассика, сафири навтаъйини Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Москва вохӯрӣ намуд, ки зимни он масъалаҳои ба маротиб зиёд кардани гардиши савдо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Юнон баррасӣ гардиданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкории муосир, дурнамои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Юнон ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории дуҷониба дар самти тиҷорати электронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши савдои дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.

Ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо ва харидорони нави маҳсулоти кишоварзӣ, содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, ба монанди меваю сабзавот, хушкмева, асал ва обҳои нӯшокӣ ба Ҷумҳурии Юнон, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нахи пахта ва дигар самтҳои афзалиятнок ироа гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои зикршуда баён доштанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад