Тамошобинони Ҷоми Ҷаҳонӣ бо дастбандҳое ба ёди Фаластин

Амали як шаҳрванди Қатар дар тақсими дастбандҳое, ки дар он парчами Фаластин нақш бастааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ асари густардае дошт.

Шаҳрвандони Қатар бо талошҳои фаровони худ дар айёми Ҷоми ҷаҳонии футбол дар ин кишвар ҳимояташон аз мардуми Фаластин дар муқобили Исроилро эълон кардаанд.

Талоши қатариҳо дар ҳимоят аз Фаластин дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоби густурдае доштааст. Онҳо бо тақсими парчами мардуми мазлуми Фаластин ва баланд кардани он дар Доҳа, пойтахти Қатар талош карданд ҳимояти худ аз Фаластинро ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд.

Қатар талоши зиёде барои ҳузури шаҳрвандони Фаластин дар Ҷоми Ҷаҳонӣ кард, аммо Исроил монеи ҳузури фаластиниҳо дар Доҳа шуд.

Режими яҳудии Исроил ҳамеша аз рӯйдодҳое ба монанди Ҷоми Ҷаҳонӣ, ки таваҷҷӯҳи мардуми дунёро ба худ ҷалб мекунад суи истифода карда таҷовузҳои худро афзоиш додааст, аммо имсол бисёре аз мусулмонони ҷаҳон талош кардаанд, ки ин ҷом сабаби фаромушии миллати Фаластин, ки чандин даҳааст зери зулму таҷовузи яҳуд ҳаст, нашавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад