Имзои ёддошти ҳамкорӣ байни федератсияҳои футболи Тоҷикистону Русия

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳоди футболи Русия ёддошти ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳоди футболи Русия ёддошти ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Ба нақл аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, созишномаро Хуршед Мирзо, ноиби аввали президенти ФФТ ва Максим Митрофанов, дабири кулли ИФР имзо карданд.

Хуршед Мирзо, ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Максим Митрофанов, дабири кулли Иттиҳоди футболи Русия роҳҳои густариши ҳамкории ду федератсияи миллиро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба баргузории бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Дар доираи ёддошти имзошуда Максим Митрофанов, дабири кулли ИФР барои тақвияти ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуда, ба рушди футболи тоҷик дар солҳои охир баҳои баланд дод.

Митрофанов инчунин ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои истиқболи самимии ҳайати ИФР ва дастаи миллии Русия дар Душанбе изҳори сипос кард.

Қобили зикр аст, ки имрӯз (17-уми ноябр) дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мегардад. Дар сатҳи тимҳои миллӣ дастаҳо бори аввал бо ҳам вомехӯранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад