Нахуст вазири Англис Чинро “бузургтарин таҳдиди давлатӣ” хонд

Нахуст вазири Англис бо иттихози мавозеи хасмона алайҳи Чин, Пекинро "чолиши низомманд" алайиҳ Лондон хонда ва аз таслиҳи Тайван дар сурати ҳамлаи Чин ба ин ҷазира ҳимоят кард.

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Риши Сунак”, нахуст вазири Англис муддаӣ шуд, Чин чолиши низоммандро мутаваҷҷеҳи арзишҳо ва манофеи кишвараш карда ва намоёнгари «бузургтарин таҳдиди давлатӣ алайҳи амнияти иқтисодии» кишвараш аст.

Ба навиштаи рӯзномаи “The Independent”, Риши Сунак барои ширкат дар иҷлоси «Гурӯҳи 20» ба ҳамроҳи раҳбарони дигар иқтисодҳои бузурги ҷаҳон аз ҷумла “Ши Ҷинпинг”, раиси ҷумҳури Чин, ба шаҳри “Бали” дар Индонезия сафар кардааст.

Сунак дар гуфтугӯ бо хабарнигороне, ки ӯро дар сафараш ба Бали ҳамроҳӣ мекарданд таҳдид кард, Лондон ирсоли таслиҳот барои кумак ба Тайван дар сурати ҳамлаи Чин ба ин ҷазираро дар назар мегирад.

Сунак бо инҳол сӯҳбате аз инки моил ба дастабандии расмии Чин ба унвони як «таҳдид» дар асноди давлатии Англис аст матраҳ накард. “Лиз Террас”, нахуст вазири собиқи Англис қаблан ваъдаи анҷоми ин корро дода буд ва зоҳиран Сунак талош карда, ки мавозеаш дар қиболи Пекин нисбат ба Лиз Террас мулоимтар бошад.

Ӯ дар замони корзори интихоботи номувафақе, ки дар тобистони гузашта дошт, Чинро «бузургтарин таҳдиди баландмуддат барои Биритониё» хонда ва қавли таътили кардани тамоми 20 шӯъбаи институтҳои «Конфутсияи» Чин дар Биритониёро дода буд.

Риши Сунак, дар идомаи ҳарфҳояш, ки қабл аз баргузории иҷлоси гурӯҳи 20 матраҳ кард гуфт, «муҳим аст» , ки Англис аз худ дар баробари Чин дифоъ кунад ва ба унвони мисол аз «қонуни сармоягузории амнияти миллӣ» баҳра бигирад; Қонуне, ки ба давлаташ иҷозаи ҷилавгирӣ аз сармоягузориҳои муассир бар амнияти Англис дар ширкатҳои англисиро медиҳад.

Ӯ гуфт: «Ман ҳамчунин фикр мекунам, ки Чин як ҳақиқати инкорншуднии иқтисоди ҷаҳонӣ аст ва мо бидуни доштани гуфтугӯ бо он қодир нахоҳем буд чолишҳои ҷаҳонии муштарак мисли тағйироти обуҳуоӣ, ё саломати умумӣ ё таомул бо Русия ва Украинаро ҳаллуфасл кунем.»

Нахуст вазири Англис ҳамчунин эҳтимоли дидораш бо Ши Ҷинпингро матраҳ карда ва гуфт, «Ман шонси сӯҳбат бо ӯро ҳам хоҳам дошт.»

Нахуст вазири феълии Англис дар посух ба инки оё бо назари Лиз Террас дар бораи ирсоли таслиҳот аз сӯи Англис ба Тайван мувофиқ аст гуфт, ин сиёсат ба унвони як гузина дар замони бозбинии сиёсати хориҷӣ ва дифои Англис аз сӯи давлаташ дар назар гирифта мешавад.

Сунак идома дод: «Мо дар чорчуби такрори бозбинии якпорчаи худ ба ҳама ин сиёсатҳо нигоҳе хоҳем андохт. Сиёсати мо дар қиболи Тайван ба вузӯҳ ин аст, ки набояд дар вазъияти он тағйири якҷонбае ба вуҷуд биёяд ва бояд барои он вазъият як роҳиҳалли сулҳомез вуҷуд дошта бошад. Мо барои ҳимоят аз Тайван омода ҳастем ҳамонтавр, ки барои истодагӣ дар баробари таҳоҷуми Чин омода ҳастем.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад